Дар доираи мавзӯи муҳим

Бинанда: 563 | Санаи нашр: 16 Феврал 2023

14 – уми феврали соли 2023 дар донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон” чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловиддинзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи зикршуда Манучеҳр Сангов ва сардори шуъбаи даъвати комиссариати ҳарбии ҳамин ноҳия Абдусалом Раҳимов иштирок намуданд.

Чорабиниро мушовири ректори донишгоҳ Неъматулло Диллоев оғоз намуда, перомуни мавзӯи матраҳшуда андешаронӣ кард.

Сипас Шодимурод Аловиддинзода ва Манучеҳр Сангов доир ба корҳои омодагӣ барои сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ин қишри ҷомеа, хидмат ба Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар, дасгирии ҷавонони сафарбаршуда ва дигар масоили муҳим суханронӣ намуда, ба суолҳои донишҷӯён посух гуфтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Неъматулло Диллоев ба нотиқон барои суханронии пурмазмун арзи сипос кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top