Беҳтарин варзишгари соли 2022 миёни ҷавонон

Бинанда: 568 | Санаи нашр: 14 Феврал 2023

11 – уми феврали соли равон донишҷӯи курси сеюми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Эмомалии Нуралӣ дар Чемпионати Тоҷикистон доир ба ҷудо дар вазни то 66 кг муваффақона ҳунарнамоӣ намуда, дар даври ниҳоӣ бар ҷудокори шинохтаи кишвар Шаҳбоз Саидаброров пирӯз гардид ва унвони чемпиони ҷумҳуриро дар ин риштаи варзиш бо нишони тилло ба даст овард.

Инчунин, 13 – уми феврали ҳамин сол Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин варзишгарони соли 2022 – ро эълом кард, ки дар байни онҳо Эмомалии Нуралӣ ҳамчун барандаи нишони тиллои Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар Эквадор беҳтарин варзишгари соли 2022 миёни ҷавонон дониста шуд.        

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top