Баррасии масоили муҳим

Бинанда: 559 | Санаи нашр: 14 Феврал 2023

10 – уми феврали соли 2023 дар факултети молия ва қарзи донишгоҳ дар мавзӯи “Нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ” аз ҷониби муаллими калони кафедараи молия Парниён Наботова барои донишчӯёни курси якуми ихтисоси молия дарси кушоди тарбиявӣ гузаронида шуд, ки дар он муовини декан оид ба тарбия Нигора Марупова ва сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ Фирида Алимардонова иштирок намуданд.

Дар оғози ин дарс Нигора Марупова доир ба мубрамияти мавзӯи матраҳшуда дар замони муосир ибрози андеша кард.

Сипас Парниён Наботова дар доираи ин мавзӯи муҳим суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки имрӯз бояд ҷавонони тоҷик зиракии сиёсӣ ва донишу маърифати баланд дошта бошанд ва фирефтаи таблиғоти ғаразноки созмону гурӯҳҳои иртиҷоӣ нагарданд.

Инчунин, донишҷӯён Меҳрона Каримова ва Саламшо Раҳматуллозода доир ба мавзӯи зикршуда бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Фарида Алимардонова бо донишҷӯён суолу ҷавоб намуда, зикр кард, ки имрӯз ҷавонон дорои ҳисси худшиносии баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top