ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ВА РУШДИ САНОАТИ МИЛЛӢ

Бинанда: 729 | Санаи нашр: 06 Феврал 2023

Ҳамасола дар доираи салоҳиятҳои худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паём ироа менамояд, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ барои давраҳои оянда бо ҳадафу афзалиятҳо ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муайян карда мешавад. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ва тақсимоти дунё байни абарқудратҳо рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар кори саҳлу осон набуда,  барои мардуми шарифи Тоҷикистон – хурду бузурги мамлакат боиси ифтихор ва сарбаландист. Паёмҳои Сарвари давлат санади муҳим оид ба роҳнамои мушаххаси созандагиҳои Ватан ва қадамҳои устувор барои иҷрои нақшаҳои бузурги давлатдорӣ буда, мардуми шарифи тоҷикро ба шукуфоӣ ва ободонии бештару бештари Ватан роҳнамоӣ месозад.

Дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси сиёсиву иқтисодии ҷаҳон 23-юми декабри соли 2022 Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки воқеан ҳам, дар доираи манфиатҳои миллӣ ва усту­воргардонии пояҳои давлатдорӣ нақши созанда дорад. Зеро, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба масъалаҳои муҳимми фарогири тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҳаёти сиёсӣ, иқтисоду саноат, энергетика, ҳифзи иҷтимоии кишвар ва сиёсати хориҷии он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Тавре ки дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «…дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид».

Бо вуҷуди ин, дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид, ки ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, даромади пулии аҳолӣ ба 87 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки 2,1 баробар бештар мебошад. Илова бар ин, беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис ёфт, ки дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоиз то ба 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

Боиси хушнуди аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ғамхории пайвастаи роҳбарияти олии кишвар пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа таъмин гардида, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо судманд тамоми тадбирҳо амалӣ гашта истодааст.

Зимни ироаи Паёми Пешвои муаззами миллат яке аз масъалаҳои асосии матраҳгардида, оид ба имтиёзу боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ватанӣ таъкид карда шуд. Инчунин, дар Паём таъкид гардид, ки: «…ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, «энергияи сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд».

Махсусан, бо таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расида, 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд. Таърих гувоҳ аст, ки соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият менамуданд. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд. Ҳол он, ки ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб рафта, танҳо дар соли 2022 зиёда аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуда, барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намудааст. Дар умум, сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

Бинобар ин, саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва барномаҳои дарозмуддати кишвар буда, дар тӯли 31 соли соҳибистиқлолии кишвар садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бо маблағгузории дохилию хориҷӣ азнавсозӣ, бунёд ва ҷойҳои корӣ барқарор шуданд. Инчунин, бо  мамлакатҳои  хориҷии  дуру  наздик вобаста  ба  таъсиси корхонаҳои  нави  металлургӣ,  истеҳсоли  масолеҳи  сохтмонӣ, истихроҷ  ва  коркарди  маъданҳои  кӯҳӣ, коркарди металл, саноати кимиёӣ, мошинсозӣ, ангишт ва саноати  хӯрокворӣ  созишномаҳои зиёди ҳамкорӣ ба  имзо  расида,  амалӣ  гашта  истодаанд. Ҳамзамон, ҳукумати мамлакат солҳои охир барои аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани мамлакат аз тамоми имкониятҳо, аз он ҷумла ҷорӣ намудани имтиёзҳо ба субъектҳои хоҷагидорӣ васеъ истифода намуда истодааст.

Чуноне, ки дар Паём қайд карда шуд, давра ба давра бо пешниҳод гардидани зиёда аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ дар бист соли охир ба кишвар зиёда аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб гардида, ки аз он зиёда аз 36 миллиард сомонӣ танҳо барои рушди соҳаи саноат равона шудааст. Дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида танҳо дар соли 2022 зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил менамоянд. Инчунин, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аз ин лиҳоз, таъмин намудани рушди иқтисодиёти мамлакат ва нерӯ бахшидан ба тараққиёти соҳаи саноат, коркарди маҳсулоти рақобатпазири он талаботи бозори дохилию берунӣ ба ҳисоб рафта, дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва саноатӣ иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишварро тақозо менамояд. Зеро фаъол будани корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат яке аз мақсадҳои асосии ҳукумати мамлакат ва омилҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб меравад.

Таҳлилҳо ва рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мавқеи корхонаҳои саноатӣ дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, озуқавории мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ хеле муҳим мебошад. Зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини амнияти озуқаворӣ, афзун гардидани воридоти воситаҳои пулӣ ба ҳисоби буҷети давлат, замина барои рақобатпазирии иқтисодиёт ба вуҷуд меорад.

Қобили зикр аст, ки бинобар муҳимияти соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ, раванди саноатикунонии босуръати кишвар дар доираи солҳои 2022–2026, ки «Солҳои рушди саноат» эълон гардидааст, давра ба давра амалӣ гашта истодааст. Махсусан, бо шарофати сиёсати комили Пешвои муаззами миллат дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим ислоҳотҳои куллӣ босуръат идома ёфта, ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сол аз сол зиёд мегардад, ки тибқи пешбиниҳо то амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бояд 22-23%-ро ташкил намояд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки аз таҳлили нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат аён мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати иҷрои нақшаҳои ҳаётан муҳимми давлатдорӣ роҳи хеле вазнину мураккаби иқтисодиётро сипарӣ намуд. Имрӯз халқи сарбаланди миллати азизамон шоҳиди он аст, ки дар ҳамаи самтҳои хоҷагии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба чашм расида, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои шоистаи Сарвари давлат мақому нуфузи худро дар ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол боз ҳам боло бурда истодааст.

Ҳамин тавр, дар фазои сулҳу субот ва сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, Паём барои рушди миллат дар самтҳои ҳаётан муҳимми мамлакат ва ободии Ватан нақши муҳим дошта, мустақилона муайян гардидани самтҳои асосии сиёсати дохилию  хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат нишонаи амали гаштани сиёсати комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

муовини сардори раёсати таълими ДДТТ,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Ораз Муртазоев

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top