Интихоби ман

Бинанда: 763 | Санаи нашр: 03 Феврал 2023

Ман, Фарангис Файзуллозода, хатмкардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №8-и ба номи Сафаралӣ Раҷабови ноҳияи Файзобод мебошам.

Ман соли 2022 мактаби номбурдаро хатм карда, ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридам. Ман дар бораи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бисёр шунида будам ва бинобар ин, ҳамин донишгоҳро интихоб намудам. Хушбахтона, ман ба мақсади хеш расидам ва соҳиби номи пурифтихори донишҷӯ гардидам. Ман хеле шодам, ки аз рӯйи ихтисоси 24.01.02.05 - ҳуқуқи гумрукӣ дар чунин донишгоҳи бонуфуз таҳсил менамоям.

Донишгоҳи давлати тиҷорати Тоҷикистон  яке аз маъруфтарин донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.  Донишгоҳ барои мо донишҷӯён ҳама шароити мусоидро барои таҳсил ба вуҷуд овардааст. Ба мо устодони варзидаву баландихтисос аз ҷумла: Маҳмадуллоев З.,Н., Маҳсудинова Р.Ғ., Сангова Ф.Х., Наврӯзи М., Бобохоҷаева Г.М., Зарипова Р.Ш. дарс мегӯянд. Мо донишҷӯён аз таҷрибаи омӯзгорони баландихтисос истифода бурда, бисёр илмҳоро аз худ мекунем, ки  ин ба ояндаи мо нақши бузург мегузорад. Дар донишгоҳ семинару конффренсияҳои илмӣ баргузор мегарданд, ки дар он олимону устодони соҳибтаҷриба иштирок ва суханронӣ мекунанд ва ба мо донишҷӯён имконият медиҳанд, ки бештар ба олами илм ворид гардем. Инчунин, дар ин боргоҳи илм барномаҳои фарҳагиву фароғатӣ зуд-зуд баргузор мегарданд, ки  боиси болидарӯҳии  донишҷӯёну омӯзгорон мегардад.

Ман хеле шодам. ки чунин донишгоҳи хубу бонуфузро интихоб кардаам. Ба ҳама довталабон тавсия медиҳам, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро интихоб намоянд ва онҳо аз интихоби худ пушаймон нахоҳанд шуд.

Фарангис Файзуллозода,

раиси Шӯрои донишҷӯдухтарони факултети

муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top