Сада – ёдгоре аз таърихи ниёгон

Бинанда: 512 | Санаи нашр: 02 Феврал 2023

1 – уми феврали соли 2023 дар донишгоҳ факултети молия ва қарз ба муносибати ҷашни Сада таҳти унвони “Сада – ёдгоре аз таърихи ниёгон” ҷамъомад доир кард, ки онро муовини декан оид ба таълим Фирӯз Ашӯров оғоз намуда, ҳозиринро ба ин ҷашни бошукӯҳи ниёгон шодбош гуфт.

Сипас сардори раёсати тарбия Сайфулло Афғонов доир ба ҷашни зикршуда андешаронӣ карда, гуфт, ки ҷашни Сада ҳамчун яке аз ҷанҳои бостонии мардуми ориёӣ ҳамасола дар Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фирӯза Сангова дар мавзӯи “Ҷашни Сада – таҷассумгари суннатҳои аҷдодии тоҷикон” бо маърӯзаи ҷолиб суханронӣ кард.

Инчунин, донишҷӯён дар ситоиши ҷашни Сада шеър хонда, рақсҳои дилнишин намуданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева аз номи раёсати донишгоҳ ба нотиқону дигар иштирокдорон арзи сипос карда, ба фаъолони маҳфили имрӯза туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top