Ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ

Бинанда: 514 | Санаи нашр: 31 Январ 2023

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намудҳои шоҳмот, тенниси рӯи миз, волейбол ва футболи хурд байни омӯзгорону кормандон барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ баргузор гардид, ки аз 4-ум то 25-уми январи соли 2023 идома ёфт.

Мусобиқа рӯзи 26-уми январи соли 2023 ҷамъбаст гардида, ғолибони он ба таври зайл муайян гардиданд:

Аз намуди шоҳмот:

Ҷойи якум Салимов Назаралӣ, дотсенти кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт;

Ҷойи дуюм – Одинабеков Хусрав, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ;

Ҷойи сеюм – Султонов Зоиршо, котиби масъули маҷаллаи донишгоҳ.

Тенниси рӯи миз:

Ҷойи якум – Раҳимов Маъруф, омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ;

Ҷойи дуюм – Султонов Зоиршо, котиби масъули маҷаллаи донишгоҳ;

Ҷойи сеюм – Султонов Тоҳир, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ.

      Волейбол:

Ҷойи якум – дастаи раёсати донишгоҳ;

Ҷойи дуюм – дастаи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук;

Ҷойи сеюм дастаи  факултети иқтисодиёт ва тиҷорат.

Футболи хурд:

Ҷойи якум – дастаи факултети молия ва қарз;

Ҷойи дуюм – дастаи  факултети иқтисодиёт ва тиҷорат;

Ҷойи сеюм – дастаи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук.

Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад. 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top