САМТНАМОИ ФАЪОЛИЯТИ БУНЁДКОРӢ ДАР ПАЁМ

Бинанда: 535 | Санаи нашр: 31 Январ 2023

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне намояндагони халқи мамлакат – муҳимтарин падидаи оғози соли тақвимӣ, роҳнамои ҳаёти давлату ҷомеа дар марҳилаи оянда мебошад. Паёми Сарвари давлат дар муайян намудани паҳлуҳои мухталифи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши дастовардҳои сиёсӣ, инкишоф ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимою иқтисодӣ, таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ нақши муҳим ва ҳалкунандаро мебозад.

Дар ҳар як Паёми Пешвои миллат фаъолияти бунёдкорона ва заҳмати содиқонаи мардуми кишварамон ҳамчун як қувваи пуриқтидор ва созанда  таъкид карда мешавад. Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 – юми декабри соли 2022 низ таъкид гардидааст, ки ба шарофати заҳматҳои солиқонаи мардум «раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».

Дар ин робита, қайд кардан лозим аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои фаъолияти бунёдкориро муайян намуда, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Дар бисёр соҳаҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Саноати масолеҳи сохтмон аз ҷумлаи чунин соҳаҳои пешрав ва пешбар ба ҳисоб меравад. Солҳои охир дар ноҳияҳои Ёвон, Бобоҷон Гафуров, Масчоҳ, Ҷалолиддини Балхӣ, Данѓара, шаҳрҳои Бохтар, Ваҳдат, Исфара ва ѓайра корхонаҳои зиёди сементбарорӣ бунёд карда шуданд. Корхонаҳои мазкур вазифаҳои миқёсан бузурги дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли соли 2030, барномаҳои рушди содирот ва маҳсулоти воридивазкунанда зикршударо дар амал татбиқ намуда, истеҳсоли сементро то 4,2 млн. тонна расониданд, ки 1,3 млн. Тоннаи он ба кишварҳои хориҷӣ содир гардид. Дар натиҷа саноати масолеҳи сохтмонӣ ба яке аз соҳаҳои ѓанисозанда буҷет табдил ёфт. Агар дар соли 2013 аз буҷети мамлакат барои воридоти семент 106 млн. доллар сарф шуда бошад, пас соли 2020 аз ҳисоби фурўши ин маҳсулот 60 млн. долл. ИМА ба даст оварда шуд.

Истеҳсоли семент боиси афзоиши бунёди манзилгоҳҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои дигар гардид. Тайи солҳои охир дар шаҳри Душанбе баистифодадиҳии манзилгоҳҳо 24 маротиба афзоиш ёфт. Илова бар ин, танҳо дар соли 2023 дар пойтахт марҳала ба марҳала сохта ва ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркардкунандаи металлҳои қиматбаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд. То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад. Дар натиҷа, соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор адад зиёд мебошад.

Дар Паём фаъолияти низоми бонкии мамлакат низ таҳлил гардидааст. Таъкид шудааст, ки дар панҷ соли охир шумораи қарзгирандагон аз 564 ҳазори соли 2018 то ба 2 миллиону 336 ҳазор дар соли 2022 расида, 4,1 баробар афзоиш ёфтааст, ки фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва соҳибкоронро нишон медиҳад. Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 55 миллиард сомониро ташкил кард, ки 36 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Чӣ тавре ки дар Паём зикр ёфт, дар панҷ соли охир ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ба талаботи рушди иқтисодиёт ҷавобгӯй нест. Бинобар ҳамин, то соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад. Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.

Ҳамчунин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шудааст, ки якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноати коркард иқдомот намоянд. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳала ба марҳала сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркардкунандаи металлҳои қиматбаҳо ба нақша гирията шудааст.

Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.

Вазъи инфрасохтор низ дар маркази диққат қарор дорад. Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд. Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад.

Дар Паём вазифа гузошта шуд, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад. Тибқи ҳидоятҳои Сарвари давлат бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад. Дар маҷмўъ, ҳамаи бунёдкориҳо ба манфиати халқу Ватан, баҳри гулгулшукуфоии кишвар дар оянда боз ҳам бо суръати баланд идома хоҳанд ёфт.

Ҳомидов Абдуалим Нарзиқулович,

номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи иқтисоли ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top