Ҷанбаҳои миллии ҷашни Сада

Бинанда: 568 | Санаи нашр: 31 Январ 2023

31 – уми январи соли 2023 дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук дар мавзӯи “Ҷашни Сада ва ҷанбаҳои миллии он” ҷамъомад баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини декан оид ба тарбия Човидон Сафаров бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.

Муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева доир ба аҳаммияти таърихию миллии ин ҷашни бостонӣ ибрози андеша кард.

Сипас номзади илмҳои филологӣ Бобишоҳи Насриддиниён, дар мавзӯи “Сада – муждаи Наврӯз”, доктори илмҳои ҳуқуқшиноси Умрилло Меликов дар мавзӯи “Моҳияти ҳуқуқии идҳо дар Тоҷикистон”, дотсент Зебо Абдулазизова дар мавзӯи “Сада – древнеисторический праздник таджикского народа” ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси 250103 Закия Амирӣ дар мавзӯи “Ҷашни Сада ва таърихи пайдоиши он” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ карданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад Ҷовидон Сафаров ба нотикон арзи сипос кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top