АҲАММИЯТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКОН» - ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»

Бинанда: 518 | Санаи нашр: 30 Январ 2023

Ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 бахшида ба 115 – солагии алома Бобоҷон Ғафуров хеле муҳим буда,  аҳаммияти илмӣ – маърифатӣ дорад ва  барои боз ҳам амиқу дақиқ омӯхтани таърихи ниёгони худ ҷиҳати тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, заминаи хубе мебошад.

Пешвои миллат 6 – уми феврали соли 2020 дар бораи ба ҳар як оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа намудани китоби "Тоҷикон" амр дода буданд, пас аз иҷро расидани амри Президенти кишвар 7 – уми июли соли 2022, Пешвои миллат боз амр бар он доданд, ки дар соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор карда шавад. Пайдарпайии ин амалкардҳои Пешвои миллат дар воқеъ барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва муттаҳид намудани миллати тоҷик  боиси таҳсин ва дастгирии мо ҷавонон мебошад.

Дар айни замон,  дар ҳамаи оилаҳои ҷумҳурӣ китоби “Тоҷикон” дастрас аст, ки бояд онро мутолиа намоем ва иштибоҳу хатоҳое, ки дар таърихи миллату давлатдориамон рух додааст, дубора такрор насозем. Барои пойдор намудани сулҳу субот, устувории давлатдорӣ саҳми арзанда гузорем. Зеро яке аз сабабҳои сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии соли 1992 он буд, ки таъриху  фарҳанги бостонии  хешро хуб намедонистем ва аз таърих сабақ нагирифта будем. Бо дарк ва таҳлили таърихи гузашта мо метавонем таърихи ояндаи худро аз нигоҳ мусбӣ пешбинӣ намоем. Зеро бе таҳлили таърихи гузаштаи худ, ислоҳ накардани иштибоҳҳои дар давраи гузашта ҷойдошта, мо наметавонем сатҳи рушди нави давлатдориро ба роҳ монем. Бо донистани таърих, дарк ва таҳлили он баъд мо метавонем, ки ба қадри неъматҳои бузург ба монанди истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва дигар дастовардҳои миллӣ бирасем ва онҳоро арҷгузориву ҳифз намоем.  Бо боварӣ метавон зикр намуд, ки донистани саргузашти воқеии миллати тоҷик, ҳақиқати таърих, инкишоф додани ҷаҳонбинии наврасон ва ҷавонон аз озмуни мазкур вобастагии калон дорад.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат дар баробари зикри масоили муҳимми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба масъалаҳои тарбияи насли созанда, мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ диққати махсус дода шудааст. Чӣ тавре ки, зикр гардид: “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».

Аз ин лиҳоз,  баргузории озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ва солҳои минбаъда амали саривақтӣ мебошад.

Мо итминони комил дорем, ки пас аз ба итмом расидани ин озмун,  шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои пурра аз худ кардани таърих ва  шинохту дарки дуруст аз фарҳангу таърихи гузаштаи хеш  боз ҳам беҳтару бештар барои ободсозиву гулгулшукуфоии Ватан камари ҳиммат мебанданд ва ҳамеша талош бар он  мекунанд, ки то номи хеш дар таърихи кишвари соҳибистиқлол сабт гардад. Ҳамчунин озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» бешак ба халқи  мо таъсири дуруст ва дақиқ  гузошта, ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.

Мо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонон, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва боварӣ дорем, ки озмуни  ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар сатҳи баланд баргузор мегардад. 

Довуд Бобохониён, донишҷӯи курси 4 – уми ихтисоси 24010104 – ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top