САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ

Бинанда: 428 | Санаи нашр: 30 Январ 2023

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

29 – уми январи соли 2023 дар “Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” – и шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои қадимтарини миллиамон – Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд, ки дар он омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Сада муждаи нахустини баҳор буда, моҳияти он пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва гармо бар сармо аст. Ҷашни Сада барои тарғиби ахлоқу маънавият, худшиносиву худогоҳӣ ва муаррифии оину суннатҳои миллӣ хизмати босазо кардааст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: “Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат мекунанд”.

Ба ибораи дигар, Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷойи олоти чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст овард.

Бояд гуфт, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва ташаббусҳои ватандӯстонаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои Сада, Наврӯз,  Меҳргон ва Тиргон аз нав эҳё гашта, бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешаванд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top