ПАЁМИ СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНӢ

Бинанда: 495 | Санаи нашр: 30 Январ 2023

Аз соли 2000 – ум сар карда, мардуми Тоҷикистон ҳамеша паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизор мешаванд. Онҳоро дар баробари вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллӣ, аъзои ҳукумат ва роҳбарони идораҳои ҷумҳуриявӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони барӯманди кишвар, ки дар толори маҷлисгоҳ шахсан ҳузур доранд, ҳамчунин ҳазорон нафар тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ тамошо кардаву гӯш мекунанд. Сабаби ин қадар таваҷҷӯҳи мардум ба паёмҳои Сарвари давлат маълум, ки аз куҷост. Зеро паёмҳои Пешвои муаззами миллат ба ҳайси санади сарнавиштсоз, дастури раҳнамои зиндагӣ буда, мардумро  ба сӯи фардои дурахшони кишвари азизамон ҳидоят менамоянд.

Дар баробари ин, таври маълум, ҷаҳони имрӯза назар ба ҳар вақти дигар нооромтару пешбининашаванда гардидааст. Аз ҳамин хотир Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равандҳои геополитикиро “мураккабу печида” номиданд. 1 – сентябри соли гузашта бошад Роҳбари давлат зимни вохӯрӣ бо аҳли илму маориф дунёи ҳозираро “ҷаҳони пешгӯинашаванда” ва давраи “азнавтақсимкунии сайёра” унвон карда буданд.

Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос маълум аст, ки таваҷҷӯҳ ба суханронии сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар қатори онҳо ҳатман Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳаст, бештар мегардад.  Аз ин хотир, паёмҳои Роҳбари давлати моро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ ҳам интизоранд. Зеро Тоҷикистонро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон чун кишвари ташаббускори масоили байналмилалӣ мешиносанду эҳтиром менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми конфронсу симпозиум ва форумҳои минтақавию ҷаҳонии ба масоили обу иқлим ва муҳити зист бахшидашуда бо маърузаҳои комилан илмӣ суханронӣ намуда, доимо иқдомҳои ҷадиди ба рафъи мушкилоти минтақаю сайёра равонагардидаро пешниҳод менамоянд ва онҳо ҳамеша қабул ҳам мегарданд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат,  аз ҷумла соли 2003 “Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013, “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, Соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо сабаби аҳамияти умумибашарӣ доштанашон аз ҷониби СММ якдилона қабул гардидаанд.

Аҳамияти паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар он аст, ки онҳо ҳуҷҷати сиёсӣ ва барномавӣ мебошанд ва на танҳо ба Маҷлиси Олӣ, балки ба тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин ба аҳли ҷомеаи дохилу хориҷ равона гардидаанд.

Дар Паёми имсолаи худ ҳам Пешвои миллат сараввал дар бораи тағйирёбии вазъи сиёсиву геополитикии ҷаҳон ва минтақа, бархӯрдҳои сиёсӣ, бемориҳои сироятӣ, буҳрони иқтисодӣ ва ба тағйироти бесобиқа дучор шудани иқлими ҷаҳонӣ ишора намуда, соли гузаштаро авҷгирии таҳримҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, кандашавии истеҳсоли молу маҳсулот ва баландравии нархи маҳсулоти ғизоӣ номиданд. Барои ҳамин дар Паём таваҷҷӯҳ ба истеҳсолот ва иқтисоди ватанӣ бештар буд.

Дар замина барои саноатикунонии мамлакат ба Ҳукумати мамлакат ва дигар сохторҳои марбута дастур доданд: “Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон корро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда вусъат бахшад”.

Маълум аст, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо мутахассис, хоса аз байни ҷавонон зарур. Дар робита, қаблан аз тарафи Сарвари давлат эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” имкон медиҳад, ки бо омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ин соҳаи ҳаётан муҳим пеш рафта, иқтисоди миллӣ босуръат рушд ёбад. 

Воқеан, иқтисоди миллӣ, кам гардидани сатҳи кабизоатӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани мардум, аз саноати мамлакат ва корхонаҳои саноатӣ вобастагии зиёд дорад. Хурсандиовар аст, ки солҳои охир чандин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил шуда, теъдоди ҷойҳои корӣ афзуд ва дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат коҳиш ёфт.

Роҳбари давлат зимни суханронӣ арқоми мушаххаси хушҳолкунандаро зикр намуданд: “Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад. Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд”.

Маълум аст, ки пешрафти ягон мамлакат бе таваҷҷӯҳ ба маорифи он ҳосил намешавад. Хурсандиовар аст, ки дар паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат мавзӯи мактабу маориф дар авлавият қарор дорад. Ин бор ҳам дар ин бора махсус таъкид гардид:

“Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.”.

Ҳамчунин маълумот дода шуд, ки соли  2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6  миллиарду 304 миллион   сомонӣ ҷудо гардидааст, нисбат ба  соли ба соли 2021 - ум 707 миллион сомонӣ, ё худ 12,6  фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Бо мақсади беҳтарнамоии вазъи таълиму тарбия ва умуман фаъолияти кормандони соҳаи маориф Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Хулоса, танҳо дар назардошт бо нуктаҳои зикршуда бо итминон метавон гуфт, ки Паёми солонаи Роҳбари давлат ҳуҷҷати хеле муҳими давлатист ва дар сурати татбиқи дурусти ташаббусу супоришу бандҳои он, такони наве дар раванди рушди устувори Тоҷикистон пеш меояд.

Баҳром Мараимов, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top