Сада ҷашни мулуки номдор аст

Бинанда: 470 | Санаи нашр: 30 Январ 2023

28-уми январи соли 2023 дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорат ба муносибати ҷашни Сада дар мавзӯи “Сада ҷашни мулуки номдор аст” аз ҷониби муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Мадина Муродова дарси кушоди тарбиявӣ гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни курси якум иштирок намуданд.

Ҷамъомадро декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Саидмухтор Мухторзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.

Сипас муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева ва Сардори раёсати тарбия  Сайфулло Афғонов доир ба ин чорабинӣ ва аҳамияти ҷашни Сада ҳамчун ҷашни миллии тоҷикон ибрози андеша карданд.

Мадина Муродова дар доираи дарси кушоди тарбиявӣ фикру мулоҳизаҳояшро перомуни ин ҷашни бостонӣ баён карда, аз ҷумла зикр намуд, ки ҷашни Сада дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ-Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардида, ҳамасола дар кишвари маҳбубамон ҷашн гирифта мешавад.

Баъд аз гузаштани дарс Мадина Муродова ба суолҳои донишҷӯён посух гуфт. Мудири шӯъбаи фарҳанг Ҷамила Ғафурова ва мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ Палавонов Қурбонназар низ фиркҳояшонро доир ба ин ҷашни бостонӣ ниёгон баён намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top