ОМОДАГӢ БА ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ««ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»

Бинанда: 545 | Санаи нашр: 27 Январ 2023

 27 – уми  январи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 баргузор гардид.

Сардори раёсати имл ва инноватсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Қудратов Н.А. баромад намуда, қайд карданд, ки Озмуни мазкур  бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, номзади илмҳои фалсафа Немонов Ҷ ва дотсенти ҳамин кафедра Саидов С иброз намуданд, ки озмун дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих доир мегардад. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

  • даври якум –моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
  • даври дуюм – моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
  • даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
  • даври чорум —нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.

Қайд гардид, ки талабот ба иштирокчиёни озмун аз инҳо иборат мебошад:

  • доштани дониши муфассал доир ба асари «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров;
  • қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян;
  • баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти сухандониву суханронӣ, асосноккунии рӯйдодҳои таърихӣ ва нақши онҳо дар таърихи халқи тоҷик;
  • донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик;
  • донистани мероси таърихиву фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик;
  • маълумот доир ба ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихие, ки баёнгари таърихи бостонии миллати тоҷик мебошанд;
  • донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмиву бадеӣ оид ба таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик.

Дар охири ҷамъомад ба омӯзгорон ва донишҷӯён ҷиҳати омодагӣ ба озмуни мазкур маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Шуъбаи табъу нашр

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top