Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат

Бинанда: 558 | Санаи нашр: 27 Январ 2023

27 – уми январи соли 2023 дар факултети молия ва қарз дар доираи мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби муаллими калони кафедараи молия Сияршоҳ Раҳматов барои донишчӯёни курси якуми ихтисоси молия дарси кушоди тарбиявӣ гузаронида шуд, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфулло Авғонов иштирок намуданд.

Сияршоҳ Раҳматов зимни шарҳу тавзеҳи ин ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ, аз ҷумла зикр кард, ки ин Паёми ояндасоз ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръат ва коҳиш додани вобастагии бозори дохила аз молҳои воридотӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва амияти кишвар, тавсеаи имкониятҳои транзитии ҷумҳурӣ, инчунин, дар сатҳи тавсияшуда таъмин намудани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ равона шудааст.


Дар фарҷоми чорабинӣ Сияршоҳ Раҳматов ба суолҳои донишҷӯён посух гуфт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top