Паём дар меҳвари омӯзиш

Бинанда: 526 | Санаи нашр: 27 Январ 2023

25 – уми январи соли 2023 дар Донишгоҳи  давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои занон баргузор гардид.

Ҷаласаро мудири шуъбаи фарҳанг Ҷамила Ғафурова ҳусни оғоз бахшида, аҳаммияти Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои рушди давлат ва ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ кард.

Сипас муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева перомуни ҷанбаҳои муҳимму гуногуни ин Паёми ояндасоз, ҳамоҳангсозии тадбирҳо байни шӯроҳои занон ва донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ барои шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, риояи тартибу низоми дохилидонишгоҳӣ аз ҷониби донишҷӯдухтарон ва ҷалби онҳо дар чорабиниҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ суханронӣ намуд.

Ҷамила Ғафурова ва дигар аъзои шӯро низ доир ба масоили матраҳшуда ибрози андеша карданд

Дар фарҷоми ҷаласа Гулнора Ҳисориева ба раёсати донишгоҳ барои ғамхорию дасгирии доимӣ нисбат ба занону донишҷӯдухтарон арзи сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top