ПАЁМ ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ

Бинанда: 779 | Санаи нашр: 26 Январ 2023

Таъмини амният дар ҳар як кишвар – хоҳ амнияти шаҳрвандӣ (маданӣ), ҷамъиятӣ ва давлатӣ бошад, хоҳ амнияти равониву маънавӣ яке аз пояҳо ва рукнҳои асосии пешрафту субот ва сарбаландии давлат аст. Рушд ва инкишофи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра) аз амният вобастагӣ дорад. Маҷмўи эҳтиёҷоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва эҳтиёҷоти дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз амалишавии онҳо қобилияти давлат дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, арзишҳои ҷамъият ва ниҳодҳои асосии давлатдорӣ вобаста мебошад, дар умум амнияти миллиро ифода менамоянд.

Амният ниёзи асосии шаҳрванд (шахсият), ҷамъият, давлат ва миллат мебошад. Бадтарин офате, ки ба сари як миллати рӯ ба инкишоф ва рушдёбанда расонида мешавад, маҳрумият аз амният, яъне  маҷмўи шароит, раванд ва омилҳое, ки барои амалишавии манфиатҳои миллӣ монеа мешаванд ё ба онҳо хатар ба вуҷуд меоранд, аст.

Яке аз вазифаҳои аввалияти инкишофи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатдории имрӯзаи тоҷикон ҳимояи амнияти миллӣ, бахусус амнияти давлатӣ мебошад. Дар шароитҳое, ки имрӯз ҷой доранд, таҳдидҳо ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии арзӣ фаъол гардида истода, зарурияти таъхирнопазирии объективӣ, ҷиҳати аз ҷониби давлат нишон додани муқовимат ба чунин омилҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллӣ (ба монанди экстремизм, терроризм, сепаратизм) ба миён омадааст. Бо мақсади ҳалли самараноки чунин вазифаҳо бар дӯши давлат мушкилӣ оид ба кор карда баромадани комплекси чораҳо ва воситаҳо, ки баҳри пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили давлат равона мегарданд, вогузошт шудааст. Дар чунин ҳолатҳо зарур аст, ки чораҳои саривақтӣ ва самаранок қабул карда шаванд, ки баҳри пешгирии низомноки ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат кифоя бошанд.

Таъмини амнияти миллӣ, бахусус амнияти давлатӣ зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  Таъмини амният, мувофиқан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният” ҳамчун - татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини амният ба воситаи низоми тадбирҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва дигар хусусиятҳо, ки ҷавобгўи таҳдид ба манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат мебошанд, маънидод шудааст.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар таъкид карда шуд, ки “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.

Бояд қайд намуд, ки раванди ҷалби ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ дар сафи (қатори) гуруҳҳои террористиву экстремистӣ нигаронкунанда мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти гуруҳҳо ва ташкилотҳои террористиву экстремистии «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурўҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Гурӯҳи 24”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат ан Нусра”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ва “Паймони милли Тоҷикистон” манъ карда шуд. Лекин, бояд гуфт, ки бештари онҳо фаъолияти худро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ошкоро ва дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври пинҳонӣ давом дода истодаанд ва хавфи ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ дар сафи ин гуруҳҳо ва ташкилотҳо баланд боқӣ мемонад. Ғояҳои ин ташкилотҳо комилан бар хилофи муқаррароти моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлати соҳибистиқлолу мустақили Тоҷикистон хавфи ҷиддӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”. Ҷиҳати амалӣ намудани ин пешниҳоди Пешвои миллат татбиқи дуруст ва саривақтии Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» нақши муассир дорад. Қонуни мазкур маҳз бо мақсади баланд бардоштани ҳисси муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан, қабул шуда, барои пешгирӣ намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ ва бегонапарастӣ, ки башариятро ба таҳлука овардаанд, аҳамияти махсус дорад.

Татбиқи дуруст ва саривақтии Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандонро ташаккул дода, шаҳрвандонро дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат тарбия намуда, заминаҳои ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, ташаккул ва рушди сифатҳои неки шаҳрвандӣ-иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳоро дар раванди бунёдкориҳо ба нафъи ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар намудҳои фаъолияте, ки ба таъмини амнияти онҳо алоқаманданд, ҳамчун арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқӣ тақвият медиҳад.

Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» яке аз заминаҳои ҳуқуқии таъмини амнияти миллӣ ва давлатӣ гардида метавонад. 

Ҳар як шахс, гуруҳи шахсон ва ҷамъият бояд арзиши амниятро дарк намояд. Аслан, дар он ҷое, ки амният нест, арзиши амният хубтар дарк мешавад. Лекин, мо бояд қадри амният, сулҳу суббот, ваҳдат, оромиву осоиштагии кишвари азизу маҳбубамон саривақт дарк намоем ва дар таъмини ин неъматҳои бебаҳо саҳмгузор бошем.  

Таъсир ба амнияти равонии шахс метавонад амнияти давлатиро халалдор созад. Амнияти равонӣ чунин маъно дорад, ки овоза, дурӯғ, сухани даҳшатовар, ақидаҳои иртиҷоӣ, бегонапарастӣ набояд дар майнаи (мағзи сар) шахс паҳн шавад, ҷой гирад. Дар фазои маҷозӣ ҳар рӯз як бор, гоҳе ҳар чанд соат як овоза, дурӯғ, тӯҳмат, иғво ва ҳарфе аз ҷониби як нафари шинос ё ношинос, террористу экстремист нашр мешавад, мардумро нигарон мекунад, зеҳни мардумро хароб ва тафаккури баъзе аз нафаронро дигар мекунад, ки сабаби пайдоиши ноамнии ақлонӣ (равонӣ) дар ҷомеа мегардад. Ҷиноятҳои иттилоотӣ, махсусан киберҷиноятҳо дар самти амнияти давлатӣ солҳои охир рӯ ба инкишоф доранд. Пешгирии онҳо дониши махсус ва чораҳои фавриро талаб менамояд. 

Дар бистсолаҳои охир рушди технологияҳои нави коммуникатсионӣ дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон тағйироти ҷиддиеро ба вуҷуд овардааст (ҳам мусбӣ ва ҳам манфӣ) ва таъсири он рӯз то рӯз меафзояд. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоии виртуалӣ дар айни замон ҳамчун пояи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ташаккули ин раванди нав ва пайдоиши фазои нави иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ нақши муҳим доранд. Масъалаи нақши фазои маҷозӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ) дар таҳдиди амнияти давлатӣ мояи нигаронии ҷиддии аксари кишварҳо, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст. Шабакаҳои иҷтимоии маҷозӣ (facebook, Ok, youtube, Telegramm, WhatsApp ва дигарҳо) шабеҳи шамшери дудама (дутарафа) ҳастанд, ки метавонанд дар фазои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила амалҳои мусбат ва манфиро эҷод кунанд.

Тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ, кўшишҳои аз ҷониби ин ташкилотҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон омили асосии таҳдид ба амнияти давлатӣ мебошад.

Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, дар Паёми Пешвои миллат (соли 2022) қайд гардид, ки моро зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд. Вазифаи Маркази ягонаи иттилоотӣ дар баробари пешгирии ҷиноятҳо бояд аз он иборат бошад, ки дар вуҷуди шаҳрвандон ва ҷомеа умед ва амнияти равонӣ (ақлонӣ) ба вуҷуд оварда шавад. Ноумедӣ ва ноамнии равонӣ омилҳое мебошанд, ки дар зеҳнияти (тафаккури) шахс фаннатизм, ноқисулақлӣ, сирригиро ба вуҷуд меоваранд. Ҳар як шаҳрванд ва ҷамъият бояд умед дошта бошад, умед ба фардои нек ва зиндагии шоиста, ба сулҳу ваҳдат ва бунёдкориву созандагӣ, умед ба зинадагии осоиштаи  насли оянда Тоҷикистони азиз.

Ҳамин тавр, таъсиси сохтори нави тавоно ва пуриқтидор, ба монанди  Маркази ягонаи иттилоотӣ метавонад дар ҳалли мушкилотҳои таъмини амнияти давлатӣ дар ин замина муассир бошад. Маркази ягонаи иттилоотӣ метавонад дар оянда тадбирҳои заруриро доир ба амалишавии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025  дар самти баланд бардоштани самаранокии чораҳои муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ, бахусус: 1) истифодабарии имкониятҳои интернет ҷиҳати шарҳи сиѐсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешбурди ташвиқоти васеи зиддиэкстремистӣ ва фаъолияти профилактикӣ дар ин соҳа андешад; зарфиятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати муқовимати нисбатан самараноктар ба таҳдидҳои алоқаманд ба истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо мақсадҳои терроризм, тафтиши саривақтӣ ва сифатноки киберҷиноятҳо тақвият бахшад; 3) мувофиқатии иқдомот дар самти муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро таъмин намояд; 4)  таҳлили доимии қонунгузорӣ доир ба маҳдудкунӣ, поккунӣ ва хориҷ намудани контентҳои ғайриқонунии интернетӣ ҷиҳати муайян намудани самаранокии қонунгузорӣ дар ин самт, инчунин таҳлили доимии таҷрибаи дигар кишварҳо оид ба бартараф намудани хавфҳо дар ин соҳаро анҷом диҳад.

Умуман, таҳлили нуктаҳои асосии Паёми имсолаи (соли 2022) Пешвои миллат дар масъалаи таъмини амнияти давлатӣ гувоҳи он аст, ки таъмини амнияти миллӣ, бахусус амнияти давлатӣ дар меҳвари асосии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Моро зарур аст, ки дар ин сиёсати пешгирифтаро дастгирӣ намуда, дар ҳифз ва таъмини манфитаҳои миллӣ, бахусус, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва суботи сиёсӣ дар мамлакат,  рушду устувории иқтисодиёти кишвар, тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият,  тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди он, фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо, иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар асоси принсипи ҳамшарикӣ саҳмгузор бошем. Ба эътимод ва боварие, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шариф,  соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанги тоҷик  доранд, содиқ бошем. 

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сардори раёсати илм ва иноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қудратзода Некрӯз Абдунабӣ 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top