Семинарӣ илмӣ – назариявӣ

Бинанда: 662 | Санаи нашр: 20 Январ 2023

Имрӯз (20.01.2023) дар донишгоҳ ба муносибати солгарди таъсисёбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани механизми самаранокӣ ва сифати хизматрасонии гумрукӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ” семинари илмӣ – назариявӣ баргузор гардид, ки дар он капитани хадамоти гумрук Абдулвосит Абдуллозода ва сарнозири Донишкадаи такмили ихтисоси хадамоти гумрук, номзади илмҳои иқтисодӣ, майори ниҳоди зикршуда Шоҳназари Хуҷаназари Ғуломзода иштирок намуданд.

Семинарро мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Суҳбатулло Ҳикматов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, доир ба муҳиммияти мавзӯи зикргардида ибрози андеша кард.

Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов низ фикру мулоҳизаҳояшро дар доираи мавзӯи матраҳгардида баён намуд.

Сипас Абдулвосит Абдуллозода дар мавзӯи “Иқтисоди рақамӣ: масоили ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва такмили он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Шоҳназари Хуҷаназари Ғуломзода дар мавзӯи “Рушди хизматрасонии гумрукӣ дар чорчӯбаи конвенсияи Киото”, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Баҳовиддин Ҷумаев дар мавзӯи “Нақши мақомоти гумрук дар таъмини амнияти молиявии мамлакат дар шароити ҷаҳонишавӣ”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷаб Раҷабов дар мавзӯи “Масоили истифодаи техналогияи рақамӣ дар раванди беҳдошти хизматрасонии гумрукӣ” ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нозимҷон Нидоев дар мавзӯи “Барномаи иқтисоди рақамии Федератсияи Русия ва афзалиятҳои он барои истифода дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ карданд.

Дар фарҷоми семинар Фарҳод Шаропов ва Суҳбатулло Ҳикматов доир ба мақсаду моҳияти баргузории ин тадбири илмӣ андешаронӣ намуда, ба нотиқон барои суханронии пурмуҳтаво арзи сипос карданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top