ПАЁМ –ДАСТУРИ СОЗАНДА

Бинанда: 777 | Санаи нашр: 20 Январ 2023

Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд.

Воқеан, гарчанде ки Паёми Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии мамлакат ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.

Вобаста ба силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ исбот гардид, ки ҳар яке аз онҳо амалишавандаанд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, ки 23-юми декабри соли равон баргузор гардид, бештар таваҷҷуҳ ба раванди расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва як қатор иқдомҳо дар самтҳои гуногуни барои давлат ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар Паёми Пешвои муаззами миллат инчунин дастовардҳо дар самти амалишавии ҳар як ҳадафи стратегӣ муфассал арзёбӣ гардид.

 Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба рушди соҳаи саноат ва тақвияти саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфт.

Аз суханронии Президенти кишвар маълум гардид, ки соҳаи илму маориф дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сарвари давлат дар самти беҳтар намудани сифати таълим, соҳибмаърифатгардонии саросарии аҳолӣ, рушди илм, махсусан,  илмҳои табиӣ дар кишвар як қатор тадбиру чорабиниҳоро роҳандозӣ намуданд. Вазорати маориф ва илм ташаббусу таҷрибаҳоро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар ба таври васеъ татбиқ менамояд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар паёмҳои гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида буд, дар ин замина ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 таҳия гардид. Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон озмунҳои ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» , «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон- Ватани азизи ман аст» ҳамасола дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд.

Илова бар ин, зимни ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давдат супориш дода шуд, ки ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд.

Вазъи иҷтимоии аҳолӣ-нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ низ зиёд гардида, ҳамаи ин дастгириҳо аз он далолат медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Сарвари давлат, сиёсати халқпарварона буда, ба мардуми оддӣ ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, ба рушди соҳаи кишорарзии он диққати зиёд зоҳир карда мешавад. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, Президенти кишар иброз доштанд, ки дар ин самт «...минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд».

Мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳварона Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таҳлили Паёми имсола ҳамчун дастури созанда нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.

Ҷамила Ғафурова, мудири шуъбаи фарҳанг

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top