Барои дарёфти Ҷоми КИК-и кормандони донишгоҳ

Бинанда: 656 | Санаи нашр: 12 Январ 2023

Шурӯъ аз 5 – уми январи соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ, раёсати корҳои тарбиявӣ ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми КИК – и кормандони донишгоҳ” аз намудҳои тенниси рӯимизӣ, шоҳмот, волейбол ва футболи хурд миёни ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон гузашта истодааст.

Мусобиқаҳо то 24-уми январ идома ёфта, ғолибон бо Ҷоми КИК – и кормандони донишгоҳ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top