Ҳафтаи корҳои ободонию созандагӣ

Бинанда: 669 | Санаи нашр: 11 Январ 2023

Аз 3 – юм то 10 – уми январи соли 2023 дар донишгоҳ Ҳафтаи корҳои ободонию созандагӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон, донишҷӯён ва кормандони раёсати хочагидорӣ фаъолона иштирок намуданд.

Онҳо бехи гулу гулбуттаҳо, гирду атрофи дарахтон, қитъаҳои майсазор ва минтақаи ба донишгоҳ вобастакардашударо дар кӯчаи Абдусалом Деҳотӣ тозаю озода, нарм ва рӯбучин карда, инчунин, гулу гулбуттаҳои нав шинониданд ва дар ободонию хуррамгардонии ин боргоҳи илму маърифат саҳм гузоштанд.

Корҳои ободонию созандагӣ дар донишгоҳ минбаъд низ идома меёбанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top