Дар партави Паёми Пешвои миллат

Бинанда: 681 | Санаи нашр: 11 Январ 2023

“ЭНЕРГИЯИ САБЗ” ВА РУШДИ “ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ” МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ

«Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Чунонки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд».

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар. 23.12.2022

Истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ба хусус, захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад. Вобаста аз таҷрибаи бои давлатҳои абарқудрат ва иқдому ташаббусҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ доир ба рушди манбаъҳои барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тозаи нерӯ ҳамчун зербинои “иқтисоди сабз” мебошад, зеро 98 фоизи нерӯи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардидааст. Нерӯи барқ дар самти рушди соҳаҳои мухталифи саноат низ зарур аст, ки гузариш ба технологияҳои инноватсионӣ, хусусан бо таҷҳизоти каммасрафи барқӣ таъмин гардида, дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо истифода аз “энергияи сабз” васеъ ҷорӣ карда мешавад. Мавҷудияти иқтидорҳои фаровони энергетика аз ҷумлаи омилҳои калидии рушди соҳаи саноат ба ҳисоб меравад.

 Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад, вобаста ба ин захираҳо“Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз 23.11.2015с.,№1254, ки яке аз соҳаҳои истифодабарии самаранок ва афзалиятноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба миён меоянд, танзим намуда, асосҳои ташкили, ҳуқуқӣ ва иқтисодии сарфаҷӯи беш аз пеши энергия, ҳифзи муҳити зист, кам кардани таъсири номатлубро ба иқлим, сарфаю сариштаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро ба наслҳои оянда муайян менамояд”.

Солҳои охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 287 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидорӣ аз 5 то 4300 киловатт ба қайд гирифта шудааст, аз қабили: нерӯгоҳҳои барқи обии «Марзич» бо иқтидори 4300 кВт дар ноҳияи Айнӣ, «Сангикар» дар ноҳияи Рашт бо иқтидори 1000 кВт, «Питовкӯл-2» дар ноҳияи Лахш бо иқтидори 1100 кВт, «Кӯҳистон»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иқтидори 500 кВт сохта ба истифода дода шудааст. Мусалам аст, ки манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҷараёни нерӯи офтоб, бод, обҳои гарми зеризаминӣ ва биомассаҳо, ки ба сӯзишвории истихроҷӣ дохил намешаванд, тақрибан 10 %-и талаботи ҷумҳуриро ба энергия таъмин карда метавонанд. Дар байни ҳамаи намудҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳудуди кишвар самараноктар захираҳои об мебошад.

Манбаъҳои барқароршавандаи энергия

Номгӯи нерӯгоҳҳои барқӣ

 

Шумораи агрегатҳои тавлидкунанда (адад)

 

Иқтидори нерӯгоҳҳои барқӣ (кВт)

 

нерӯгоҳи барқи офотобӣ

 

2433 (танзими насби офтобӣ)

 

8,87

 

нерӯгоҳи барқи бодӣ

 

9 (танзими насби бодӣ)

 

5,1

 

нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ

 

287

 

26565

 

Истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла нерӯи офтоб ва бод ба манфиат буда, дар ин самт асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки мувофиқи сарчашмаҳо дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешавад. Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” шашум кишвари пешсафи сайёра ба ҳисоб меравад. Бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад. Ҳамин тариқ, дар амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне “истиқлолияти энергетикӣ”дар давраи соҳибистиқлолӣ соҳаи саноати энергетика бо иқтидорҳои истеҳсолӣ барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.

М. АМОНАТОВА, и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top