Дараҷаи илмӣ фархунда бод!

Бинанда: 744 | Санаи нашр: 06 Январ 2023

Ба устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Амонов Саҳбон Сарватҷонович тибқи қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – юми декабри соли 2022 таҳти №305 дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дода шуд.

Дар ин бора фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – юми декабри соли 2022 таҳти №305/ди нашр гардид. 

Хотиррасон менамоем, ки Амонов Саҳбон Сарватҷонович дар мавзӯи "Таъмини рақобаттавонии субъектҳои савдои чакана дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ (дар мисоли шаҳри Душанбе)”,​ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёти соҳаҳои хизматрасонӣ (08.00.05.01 – савдо, хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва маишӣ)  рисолаи илмии худро зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Сафиувло Ҳабибов дифоъ намуда буд. 

Раёсат ва профессорону омӯзгорони донишгоҳ Амонов Саҳбон Сарватҷоновичро ҷиҳати сазовор гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ табрику таҳният гуфта, барояшон дар кору фаъолияти илмию омӯзгорӣ барору комёбӣ орзу менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top