Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат

Бинанда: 812 | Санаи нашр: 04 Январ 2023

4 – уми январи соли 2023 дар донишгоҳ дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода ва муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Гулҷеҳра Ғанизода бо омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва сокинони ноҳияи зикргардида вохӯрӣ баргузор намуданд.

Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, перомуни муҳиммияту мубрамияти мавзӯи матраҳшуда ибрози андеша кард.

Сипас Гулчеҳра Ғанизода андешаҳояшро доир ба ин Паёми ояндасоз ба таври мухтасар баён намуда, онро ҳуҷҷати муҳимми давлатдорӣ ва сармашқи фаъолияти қишрҳои гуногуни ҷомеа хонд.

Дар идомаи вохӯрӣ Маҳмадалӣ Қурбонзода доир ба Паёми Пешвои миллат ба таври муфассал суханронӣ карда, фикру мулоҳизаҳояшро доир ба мазмуни муҳтавои ин ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ баён намуд.

Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Бойалӣ Ҳусейнов низ зимни музокира перомуни ин Паёми раҳнамунсоз андешаронӣ кард.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Саймаҳмуд Саидов ба нотиқон барои иштирок ва суханронии пурмуҳтаво арзи сипос кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top