Таманниёти ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар ба муносибати Соли нави 2023

Бинанда: 787 | Санаи нашр: 31 Декабр 2022

         Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Соли 2022, соле, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли бобарор ва дастовардҳо буд, ба ҳукми таърих ворид мегардад.

Дар робита ба ин, ҳамаи шуморо аз номи раёсати донишгоҳ бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.

Соли 2022 дар Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳамаи соҳаҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд, ки ба пешрафт ва ободию шукуфоии мамлакат мусоидат намуданд.

Дар фазои сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, қабул гардидани қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, бо пуштибонии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид 14-уми декабри соли ҷорӣ дар иҷлосияи 77-уми ин созмони бонуфуз пазируфта шуд, инчунин Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23-юми декабр ироа гардид, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои соли сипаришаванда маҳсуб меёбанд.

Соли 2022 барои коллективи донишгоҳи мо низ соли дастовардҳои назаррас, таблиғи илму фарҳанг, маънавиёт, худшиносию худогоҳии миллӣ буда, натиҷаи заҳмати пурмаҳсули Шумо профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз арзёбӣ мегардад.

Аз ҷумла, дар соли 2022 дар донишгоҳ се нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Дар давоми сол аз ҷониби профессорону омӯзгорони донишгоҳ 20 монография ва 317 мақолаи илмӣ рӯи чоп омад, ки аз ин миқдор 105 тоаш дар маҷаллаи Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 212 мақола дар дигар маҷаллаҳо нашр гардиданд. Дар ин давра дар донишгоҳ 28 конференсияву семинарҳои илмӣ ва мизҳои мудаввар гузаронида шуданд.

Эътимоди комил дорам, ки дар Соли нави мелодии 2023 ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд, бо азму иродаи қавӣ ва ифтихор аз меҳану ватандорӣ, таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони воқеан ҳам рақобатпазирро дар сатҳи боз ҳам баландтар ба роҳ мемонанд.

Бори дигар Шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёнро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти омӯзгориву таҳқиқотиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Бигузор Соли нави 2023 барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ соли пурфайзу бобаракат ва оғози марҳилаи нави ташаббусҳои наҷиб гардад!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top