Маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи сайёҳӣ

Бинанда: 795 | Санаи нашр: 31 Декабр 2022

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мутахасcисони босалоҳияти риштаи сайёҳиро  аз рӯи ихтисосҳои   890101 – сайёҳат ва меҳмондорї, 26020222- менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо омода менамояд. Мутахассисони самти сайёҳӣ  пас аз хатми донишгоҳ бо маҳорату касбият ва салоҳиятнокиву масъулияти баланд дар татбиқи стратегияи рушди сайёҳӣ  ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Шароиту имконият ва заминаи моддӣ-техникӣ, толорҳои замонавии бо тахтаҳои электронӣ ҷиҳозонидашуда, синфхонаҳои компютерӣ,  паркҳои технологӣ, китобхонаи электронӣ, марказҳои компютерӣ, маводи таълимӣ- методӣ, дараҷаву малака, салоҳияту таҷрибаи  варзидаи омӯзгорони донишгоҳ дар омодасозии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ  ҷавобгӯи  меъёрҳои муқарраргардида мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки мутахассисони соҳаи сайёҳӣ донишҳои назариявии хешро дар марказҳои омӯзишӣ, аз ҷумла Маркази таълимӣ- рушди сайёҳӣ дар истироҳатгоҳи Ромит ва Маркази таълимӣ- меҳмонхонадорӣ дар назди Парки технологии донишгоҳ  такмилу сайқал дода, бо истифода аз лавозимоти сайёҳӣ, хаймаҳои сафарӣ ва воситаҳои куҳнавардӣ  ба гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо хатсайрҳои сайёҳӣ пайваста сафар менамоянд.

 Саҳми раёсати ДДТТ оид ба нақш ва мавқеи соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар, раванди омодасозии мутахассисони самти сайёҳӣ, такмилдиҳии барномаҳои таҳсилотӣ, усулҳои интихоб, таълим, такмил, баҳодиҳӣ ва рушди касбии кормандони соҳаи сайёҳӣ, ташаккули салоҳият ва маҳорати кормандони соҳаи сайёҳӣ  хеле назаррас буда, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо қадршиносӣ гардидааст.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки  30-юми декабри соли 2022 дар “Кохи Суруш” аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани иқдомҳои созанда, саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахт ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сипоснома  ва нишони рамзӣ тақдим гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top