Паём дар меҳвари омӯзиш

Бинанда: 748 | Санаи нашр: 29 Декабр 2022

29 –уми декабри соли 2022 дар донишгоҳ таҳти унвони “Ҷавонон, Паём ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ” ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ализода, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар Исроил Баротов ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамоишро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Неъматулло Дилоев оғоз намуда, перомуни мавзӯи матраҳшуда ибрози андеша кард.

Сипас Далер Азимов дар мавзӯи зикргардида, Исроил Баротов дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ” ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии донишгоҳ Фарҳод Ҷаборов дар мавзӯи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳамкории байналмилалӣ – ҳуқуқӣ дар соҳаи об” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ карданд ва ба суолҳои аҳли толор посух гуфтанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Неъматулло Дилоев ба нотиқон барои иштирок ва суханронии пурмуҳтаво арзи сипос кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top