Ҷамъбасти соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023

Бинанда: 833 | Санаи нашр: 28 Декабр 2022

28 – уми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шӯрои олимон баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро дар соли сипаришаванда таҳлилу баррасии амиқу муфассал карда, вазифаҳоро барои соли 2023 муайян намуд.

Роҳбари донишгоҳ зимни суханронӣ аҳли донишгоҳро ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023 табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки ҳайати профессору омӯзгорон дар соли 2022 барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талабогти бозори меҳнат, густариши равобити байналмилалӣ ва афзун гардонидани дастовардҳои илмию таҳсилотӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ доданд.

Хайрулло Назарзода дар доираи вазифаҳои аҳли донишгоҳ дар соли 2023 доир ба панҷгонаи донишгоҳҳои  беҳтарин дохил шудан, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими заминаи моддию техникӣ, истифодаи самараноки озмоишгоҳҳои таълимӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, таҷдиди назари нақшаи таълимӣ, таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, таъмини раванди таълим бо маводи таълимию методӣ, пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ, ҷонок намудани маҳфилҳои илмӣ ва дигар масоили муҳим суханронӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки коллективи ДДТТ вазифаҳои дар наздаш гузошташударо бо муттаҳидию сарҷамъӣ ва кору фаъолияти пурсамару созанда сарбаландона иҷро менамояд.

Дар қисми хотимавии ҷаласа роҳбари донишгоҳ ба омӯзгороне, ки соҳиби унвони илмии номзади илмҳо дар соҳаҳои иқтисодию ҳуқуқшиносӣ гардида буданд, маблағи пулӣ тақдим кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top