Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ

Бинанда: 816 | Санаи нашр: 27 Декабр 2022

Имрӯз (27.12.2022) дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” (солҳои 2020 – 2040) дар мавзӯи “Рушди техналогияҳои рақамӣ дар шароити муосир” конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Конференсияро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023 табрику таҳният гуфт ва фикру мулоҳизаҳояшро доир ба рушди технологияи рақамӣ дар замони муосир баён кард.

Сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ низ доир ба мавзӯи матраҳшуда ибрози андеша намуда, изҳори боварӣ кард, ки ДДТТ метавонад дар рушди технологияи инноватсионӣ дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузорад.

Сипас дотсент, директори иҷрокунандаи Академияи байналмилалии иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Скиба Марина Александровна дар мавзӯи “Цифровизация в стратегии  современного университета: управление рисками”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фирӯз Қодиров дар мавзӯи “Рақамикунонии иқтисодиёт: таҳдидҳо, имконият ва дурнамо”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии техникии Новосибирски Федератсияи Россия Черняков Михаил Константинович дар мавзӯи “Риски цифровой трансформации сферы услуг”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ Заррина Қодирова дар мавзӯи “Тенденции цифровизации высшего образования в Республике Таджикистан” ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ Умрилло Меликов дар мавзӯи “Заминаи ҳуқуқии рушди рақамикунонии равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ карданд.

Дар қисми хотимавии семинари имрӯза муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов ба нотиқон барои суханронии пурмуҳтаво арзи сипос карда, таъкид намуд, ки ДДТТ минбаъд низ доир ба ин мавзӯи муҳим семинару нишастҳои илмию амалӣ баргузор хоҳад кард.

Семинари байналмилалии илмию амалӣ  рӯзи 28 – уми декабр низ идома меёбад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top