Паём – дастури ояндасоз

Бинанда: 731 | Санаи нашр: 23 Декабр 2022

23 – юми декабри соли 2022 омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз тариқи шабакаҳои телевизионии мамлакат бо мароқи том тамошо карда, онро воқеан ҳам Паёми ояндасоз дар самти рушду инкишофи босуръати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла илму маориф ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагонии мардуми шарифи кишвар донистанд.

Ба шарофати ироаи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҳайати илмию омӯзгорӣ ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Аҳли илму маърифати Донишгоҳи давлатиии тиҷорати Тоҷикистон Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалии Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, тасмим гирифтанд, ки дар татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат саъю талош намуда, дар рушду инкишофи соҳаи маориф, ки самти афзалиятнок эълон гардидааст, саҳми арзанда мегузоранд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top