Тамошои филмҳои мустанад.

Бинанда: 796 | Санаи нашр: 20 Декабр 2022

Имрӯз (19.12.2022) дар донишгоҳ омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук филмҳои мустанади «Шикасти фитна» ва “Хиёнат” – ро тамошо карданд.

Ин филмҳои мустанад, ки доир ба амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои ҷинояткор дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маълумот медиҳанд, ҷавононро огоҳ менамоянд, ки худшиносиву худогоҳи миллӣ, донишу маърифат, зиракии сиёсӣ ва ифтихори ватандорӣ дошта бошанд.

Ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, пас аз тамошои ин филмҳо амалҳои зиддидавлатию ғайриконститутсионии гурӯҳои иртиҷоиро сахт маҳкум намуданд.

Ин филмҳои мустанад дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ намоиш дода шуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top