Моҳияти танзим дар ҷомеа

Бинанда: 715 | Санаи нашр: 20 Декабр 2022

Чанде пеш дар факултети молия ва қарзи донишгоҳ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мавзӯи “Моҳияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои 250104 ва 250105 иштирок намуданд.

Дарси кушоди тарбиявиро муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултет Нигора Марупова гузаронида, доир ба аҳаммияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар замони муосир суханронӣ кард ва ба суолҳои донишҷғён посух гуфт.

Сипас омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Р. Зарипова, Т. Султонов ва котиби комиссияи ҷамъиятӣ оид ба татбиқи қонуни мазкур Ҷамила Ғафурова низ перомуни мавзӯи матраҳшуда сухан гуфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top