Донишҷӯён дар намоишгоҳ

Бинанда: 652 | Санаи нашр: 20 Декабр 2022

Чанде пеш дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор гардид.

Дар робита ба ин, як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо роҳбарии мудири шуъбаи фарҳанг Ҷамила Ғафурова аз ин намоишгоҳи бошукӯҳ дидан намуданд. Онҳо зимни тамошо бо китобҳои гуногуни ноширони дохилию хориҷӣ, осори адибони классику муосири тоҷик, адабиёти бачагона ва илмӣ шинос гардида, таассуроти неку хотирмон бардоштанд ва китобҳои писандидаашонро харидорӣ карданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top