Идомаи маҳфили “Кадбону”

Бинанда: 635 | Санаи нашр: 19 Декабр 2022

15-уми декабри соли ҷорӣ дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иқдоми раёсати корҳои тарбиявӣ ва ибтикори факултети молия ва қарз дар доираи маҳфили “Кадбону” барои донишҷӯдухтарони маскуни хобгоҳ курси омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он тарзи омода намудани хуроки миллӣ -оши бурида нишон дода шуд.

Дар заминаи баргузор намудани чунин маҳфилҳо донишҷӯдухтарон тарзу шеваи омодакунии таому хӯришҳои гуногунро аз худ намуда, кабдонуи моҳир мешаванд ва дар оянда ба зиндагии мустақилона омода мегарданд.

Оре, касбу ҳунар қадру манзалати инсонро дар ҷомеа баланд мебардорад, зеро ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст.

Дар бораи аҳаммияту фазилати касбу ҳунар аҳли маонӣ хеле хуб фармудаанд:

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ на дарбандӣ.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top