Туҳфа ба варзишгари муваффақ

Бинанда: 648 | Санаи нашр: 16 Декабр 2022

Тавре ки пештар хабар дода будем, аз 7-ум то 12-уми августи соли 2022 дар шаҳр Гуаякили Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор гардида буд, ки дар он донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 240103-и донишгоҳ Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни 66 килограмм ҳамаи ҳарифони худро шикаст дода, унвони қаҳарамони ҷаҳонро соҳиб гардид.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чемпиони ҷаҳон Нуралӣ Эмомалиро бо ин дастоварди беназираш таҳният гуфта, ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе ба ӯ калиди хонаи 2-ҳуҷрагиро бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top