Мушкилот ва дурнамои бозори суғурта дар Тоҷикистон

Бинанда: 698 | Санаи нашр: 13 Декабр 2022

13 – уми декабри соли 2022 дар донишгоҳ кафедраи андоз ва суғуртаи факултети молия ва қарз дар мавзӯи “Бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамои он” мизи мудаввар баргузор намуд.

Мизи мудавварро сардори раёсати илм ва инноватсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Некрӯз Қудрадзода оғоз намуда, иқдоми кафедраро дар ташкил ва баргузор намудани ин маҳфили илмӣ, ки ба мавзӯи мубрами мавриди назар бахшида шудааст, хеле муҳим арзёбӣ кард.

Мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ Диловар Хоҷаев низ перомуни мавзӯи матраҳгардида ибрози андеша кард.

Сипас мутахассиси пешбари шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва бақайдгирии идораи назорати суғуртаи Бонки миллии Тоҷикистон Фаррух Сафаров дар мавзӯи “Масоил ва дурнамои бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи суғуртаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дотсент Муродалӣ Ҳусейнов дар мавзӯи “Бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дотсенти кафедраи андоз ва суғуртаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Комрон Раҷабов дар мавзӯи “Мушкилоти рушди суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои пурмазмун намуданд ва ба суолҳои иштирокдорон посух гуфтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Диловар Хоҷаев ба нотиқон барои суханронии пурмуҳтаво арзи сипос кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top