ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — МАКТАБИ БУЗУРГИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бинанда: 690 | Санаи нашр: 12 Декабр 2022

ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — мактаби бузурги сиёсии Пешвои миллат» — таҳти чунин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ бахшида ба Рӯзи таъсиси ҲХДТ доир гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар кори конфронс муовинони Раиси ҳизб, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насридинзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Раиси Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб Дилмурод Давлатзода, собиқ муовини якуми Раиси ҳизб, муовини Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода, роҳбарони аввали ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вакилони Маҷлиси намояндагон – аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Парлумон, кормандони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолони ҳизбӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ёдовар гардид, ки 30 ноябр Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб баргузор шуд ва дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳзиб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

«Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сенздаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд, — иброз дошт А. Азизӣ. — Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони тозаистиқлол роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаро интихоб намуд. Мусаллам аст, ки яке аз принсипҳои бунёди чунин ҷомеа гуногунфикрии сиёсӣ буда, дар чаҳорчӯбаи қонунгузориҳои кишвар шахсиятҳои ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо ҳақ доранд ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд ва фаъолияти муназзами онро ба роҳ монанд. Ҳақиқати бебаҳс он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули таффакур ва андешаҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро маҳз дар ибтидои соли 1993 Роҳбари давлат пешниҳод намуда буданд».

Ба таъкиди ӯ, маҳз рисолат, хираду заковати воло ва ояндабинии Пешвои муаззами миллат буд, ки барои ташкили ҲХДТ бо қатъияту ҷасорат иқдом намоянд ва инак, бо гузашти 28 сол ҳизб ҳамчун ниҳоди тавонои сиёсӣ дар мамлакат тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзо ва ҷонибдоронаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Ишора шуд, ки ҲХДТ зодаи Истиқлолияти кишвар буда, аз умқи дили таффакури мардум реша мегирад. Он аз рӯзи аввали таъсис ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои зиндагии босаодати миллат ва ободии Ватан зери шиори «Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» саъю талош меварзад. Имрӯз, бешубҳа, онро метавон ягона неруи сиёсии кишвар номид, ки дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофари миллӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, борҳо ин афзалияти хешро собит намудааст.

Дар идомаи кори конфронс Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насридинзода низ андешаҳои худро баён дошт.

Гуфта шуд, ки омӯзиши мактаби сиёсии Пешвои миллат моро водор месозад, ки дар самти татбиқи рукнҳои илмии ҲХДТ мунтазам ҳамоишҳо доир намуда, чораҳои мушаххасро амалӣ намоем ва асосҳои ин мактабро дар байни ҷомеа талқин созем. ҲХДТ дар раванди давлатсозӣ ва ташаккулдиҳии мактаби Пешвои миллат ҳамчун такягоҳи боэътимоди сиёсӣ ва мафкуравӣ нақши калидӣ бозид.

Таъкид гардид, ки ҳизб тавассути неруҳои созандаи худ чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа таҳия ва арзёбӣ менамояд.

Аз ҷониби муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, узви Фраксияи ҲХДТ дар Парлумон Қодири Қосим иброз гардид, ки «ҳизби мо дар ҳама маъракаҳои сиёсӣ сазовори боварии мардум гардида, аксарияти раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст. Аз он ҷумла, дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ соли 2020 номзадҳои мо пирӯзӣ ба даст оварданд. Имрӯз мо дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Фраксияи ҳизби худро дорем, ки дар ҳама самту бахшҳо фаъолияти пурсамар дорад».

Дар идомаи конфронс узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар мавзӯи «Саҳми ҲХДТ дар амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат» маърӯза намуд.

Номбурда тазаккур дод, ки ҲХДТ масъалаи маорифро дар меҳвари барномаҳои худ қарор дода, ин бахши муҳимро яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ эълон менамояд. Ҳамин аст, ки барномаҳои ҳизби моро маорифпарвар низ мегӯянд.

Зимни маърӯза дар мавзӯи «ҲХДТ – ҳизби ормонҳои миллӣ» аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Ректори Академияи идоракунии давлатӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки «30 ноябри соли равон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ барои таҳсили раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мусоидат намуда, барои кормандони ҳизбӣ курсҳои такмили ихтисос ташкил намоем. Итминон дорам, ки дар ҳамкорӣ ин иқдоми шоиста бо ҳадафи рушди касбияти кормандони ҳизбӣ амалӣ хоҳад шуд».

Маърӯзаҳои илмӣ ва пурмуҳтавои аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар мавзӯи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — мактаби тарбияи кадрҳои миллӣ», аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён дар мавзӯи «Асосҳои идоракунӣ ва ташаббускориҳои ҲХДТ ҳамчун мактаби сиёсии Пешвои миллат», аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода дар мавзӯи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва масъалаҳои таҳкими худшиносии миллӣ» идомабахши кори конфронси ҷумҳуриявӣ буданд.

Дар охир ҳамчун рамзи қадрдонӣ ба чанде аз фаъолони ҳизб Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуда, чанд нафар ҷавонони содиқу ватандӯст ба узвияти ҳизб дар вазъияти тантанавӣ қабул гардиданд.

АКС: Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top