ВОХӮРӢ БО АБДУЛЛОИ РАҲНАМО

Бинанда: 797 | Санаи нашр: 09 Декабр 2022

09.12.2022 дар донишгоҳ бо иштироки коршиноси масоили байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо дар мавзӯи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда, зикр кард, ки дарку маърифати мавзӯи мавриди назар, ки хеле муҳимму мубрам аст, барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, бавежа, ҷавонон бисёр заруру саривақтӣ буда, ба болоравии худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, зиракии сиёсӣ ва бедории маънавии онҳо мусоидат карда метавонад.

Сипас Абдуллои Раҳнамо дар доираи мавзӯи матраҳгардида перомуни низои марзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, дар дасти ин кишвари ҳамсоя будани 211000 гектар замини Тоҷикистон, таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байнидавлатӣ, дуруст ва ҳақ будани мавқеи кишвари мо, ба вуҷуд овардани афкори умумӣ ва дигар масоили муҳим суханронӣ кард.

Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки дар ин баҳси марзӣ ҷониби Тоҷикистон дар ягон ҳолат наметавонад ҳамчун кишвари таҷовузкор шинохта шавад, зеро Тоҷикистон ба ҳудуди қонунии Қирғизистон дахолат надорад, ё ҳуҷум накардааст, балки аз кишвари ҳамсоя баргардонидани заминҳои қонунии худашро талаб дорад.

Нотиқ инчунин ба суолҳои аҳли толор посух гуфт.

Дар фарҷоми чорабинӣ Саймаҳмуд Саидов аз номи раёсати донишгоҳ ба Абдуллои Раҳнамо барои иштирок ва суханронии пурмуҳтаво дар ин маҳфили илмӣ  арзи сипос намуда, ба ӯ сипоснома тақдим кард.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top