Идомаи маҳфили “Кадбону”

Бинанда: 656 | Санаи нашр: 08 Декабр 2022

8-уми декабри соли равон дар хобгоҳи донишгоҳ бо иқдоми раёсати корҳои тарбиявӣ ва факултети иқтисодиёт ва тиҷорат дар идомаи маҳфили омӯзишии “Кадбону” ба донишҷӯдухтарони маскуни хобгоҳ тарзи омода намудани санбӯсаи варақӣ омӯзонида шуд.

Баъд аз омӯзиш ва тайёр намудани санбӯсаи варақӣ гулдухтарони хобгоҳ сарҷаъмона сари дастархон нишаста, бо табъи болида маҳсули дастони худро тановул намуданд.

Маҳфили навбатӣ бо хондани шеъру суруд ва рақсу бозӣ ҳусни анҷом ёфт.

Зикр кардан бамаврид аст, ки маҳфили “Кадбону” дар хобгоҳи донишҷӯдухтарон бо иштироки мутахассисони соҳа багузор гардида, хоҳишмандон аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон истиқомат мекунанд, иштирок менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top