Маҳфили “Кадбону”

Бинанда: 773 | Санаи нашр: 05 Декабр 2022

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тарғибу ташвиқи ҷавонон ба касбомӯзӣ, ташкилу гузаронидани курсҳои гуногун дар ин самт барои донишҷӯдухтарон ва омода кардани онҳо ба ҳаёти мустақилона тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар робита ба ин, дар асоси тасмими роҳбарияти донишгоҳ барои донишҷӯдухтарони маскуни хобгоҳ маҳфили “Кадбону” таъсис дода шудааст, ки дар ин маҳфил ба онҳо мутахассисони соҳа тарзи омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои гуногуни мевагию сабзавотӣ ва пухтани шириниҳоро меомӯзонанд.

3-юми декабри соли равон дар хобгоҳи донишгоҳ бо иқдоми шуъбаи фарҳанги раёсати корҳои тарбиявӣ ва факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук, бо иштироки мутахассисон соҳа барои донишҷӯдухтарон курси омӯзишӣ баргузор гардид ва ба онҳо тарзи омода кардани манту нишон дода шуд.

Сипас духтарони хобгоҳ сари дастархон нишаста, ин хӯроки болаззатро тановул карданд ва ба раёсати донишгоҳ барои чунин иқдоми наҷиб арзи сипос намуданд.

Мақсади баргузор намудани чунин чорабиниҳо дар баробари ба донишҷӯдухтарон омӯзонидани касбу ҳунар ва тарзи омодакунии хӯрокҳою хӯришҳои гуногун, инчунин, дастгирии иҷтимоӣ ва таъмин намудани онҳо бо хӯрокҳои болазат ва сабзавоту меваҷоти тару тоза мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top