Мизи мудаввар

Бинанда: 648 | Санаи нашр: 02 Декабр 2022

Чанде пеш дар донишгоҳ тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати таълим кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ” мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он донишҷӯёни курсҳои 2-юм, 3-юм, 4-уми ихтисосҳои 250103 – иқтисодиёти ҷаҳон ва 23010103 - ташкили робитаҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент Фитрат Рустамов чорабиниро оғоз намуда, доир ба муҳиммияти мавзӯи матраҳшуда ибрози андеша кард.

Мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент Абдуалим Ҳомидов низ перомуни аҳаммияти афзуни мавзӯи мавриди назар сухан гуфт.

Сипас донишҷӯён - Сафаров Н. (роҳбари илмӣ: дотсент Ғ. Расулов) дар мавзӯи “Кореяи Ҷанубӣ дар ҷаҳони муосир”, Қурбонзода М. (роҳбари илмӣ: ассистент М. Кармишева) дар мавзӯи “Международная миграция рабочей силы: тенденции и последствия”, Ҷалолзода Ф. (роҳбари илмӣ: муаллими калон Н. Азизова) дар мавзӯи “Нақши ШФМ дар рушди хоҷагии ҷаҳон”, Ҷонбекова М. (роҳбари илмӣ: муаллими калон З. Нурмаҳмадов дар мавзӯи “Последствия мирового экономического кризиса” ва Қосимов Р. (роҳбари илмӣ: муаллими калон Н. Азизова) дар мавзӯи “Продовольственная промышленность РТ” маърӯзаҳои пурмазмун карданд.

Дар анҷоми мизи мудавар мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент Сарвиноз Урунова ба донишҷӯён барои суханронии пурмуҳтаво ва ба масъулин барои ташкили чунин маҳфили илмӣ изҳори сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top