Нашъмандӣ вабои аср!

Бинанда: 743 | Санаи нашр: 24 Ноябр 2022

22 – юми ноябри соли 2022 дар донишгоҳ кафедраи фаъолияти гумрукии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 – солагии Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нашъамандӣ – вабои аср” семинари илмӣ баргузор намуд.

Семинарро сардори раёсати илм ва инноватсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Қудратов Некрӯз Абдунабиевич оғоз намуда, доир ба аҳаммияти мавзӯи зикргардида сухан гуфт. Мавсуф, аз ҷумла қайд намуд, ки дар замони муосир нашъамандӣ яке аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ буда, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз оморҳо бармеояд, ки ҷавонон бештар ба дарди бедавои нашъамандӣ гирифтор мешаванд. Мутаассифона,  мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри XXI боқӣ монда,  ба бадшавии вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият кашида, ҳазорон нафар аз ҷавонон ҷони худро аз даст медиҳанд.

Дар семинар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К. баромад намуда қайд намуданд, ки имрӯз аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар барои пешгирӣ намудани ин беморӣ тамоми чораҳои заруриву саривақтӣ андешида мешавад. Ҷиҳати пешгирии болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, истифодаи ғайритиббии он, зиёд шудани теъдоди гирифторони вируси норасоии масъунияти одам аз ҷумлаи истеъмолкунандагони маводи нашъадор бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013  “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва соли 2021 “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ба тасвиб расонида шуд. Қабули стратегияҳои мазкур вобаста ба вуҷуд омадани таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама, вобаста ба фаъол гардидани ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз ҷумла, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд мебошад. Ғайр аз ин, стратегияҳои мазкур барои ҳамкории созанда байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини бехатарии шахсият, ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат пайваста дар суханронии худ ҷиҳати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар сатҳи ҷаҳонӣ масъалагузорӣ намуда, барои пешгирӣ намудани нашъамандӣ дар кишвар як қатор дастуру супоришҳои судманд доданд, то насли ҷавон ба ин бадбахтӣ гирифтор нашавад.

Баъдан, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳикматов С. дар бораи нақши мақомоти гумрук дар пешгирии маводи мухаддир, таъсири он ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ибрози андеша намуд.

Сипас донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 96010100 Қурбоналии Саттор дар мавзӯи “Маводи мухаддир ва оқибатҳои марговари он” маърӯзаи пурмазмун кард.

Дар фарҷоми чорабинӣ нотиқон зимни музокира  доир ба самтҳои мушаххаси пешгирии маводи мухаддир ибрози андеша карданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top