ПАРЧАМИ НОМУ НАНГИ МО

Бинанда: 910 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2022

Таманниёти ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Чанд рӯз пеш дар Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашнҳои Рӯзи Президент ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва ифтихор аз давлату Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз дар ҳамин иҷлосия Сарвари давлат интихоб гардида буданд, ҷашн гирифта шуданд.

Ҳоло бошад, мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи боз як ҷашни муҳим, яъне Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ маҳсуб ёфта, маҳз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, қарор дорад.

Аз ин хотир, ҳамаи шумо ҳозирини гиромиро аз номи раёсати донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии ҷумҳурии азизамон самимона табрику муборакбод мегӯям

Ҳозирини гиромӣ, рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ, махсусан Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

Мусаллам аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофару тамаддунсоз бо талошу фидокориҳои пайвастаи фарзандони баору номусаш аз дуриҳои таърих дорои парчам ва рамзи   ягонаи давлатдорӣ буданд. Доир ба парчаму парчамдории миллати тамаддунофари тоҷик, ки аз аҳди бостон сарчашма мегирад, дар куҳантарин осори хаттиамон маълумоти бештарро пайдо кардан мумкин аст. Олимону донишмандон ва таърихнигорони давр бар он назаранд, ки парчам ҳамчун рамзи ватандориву оини давлатдорӣ маҳсули андеша ва офаридаи гузаштагони ҷасуру далер ва фидоиҳои роҳи зафар маҳсуб меёбад.

Чунончи, дар шоҳасари безаволи ҳаким Фирдавсӣ-“Шоҳнома”, ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагӣ ба шумор меравад, нақши парчам дар роҳи муборизаҳои озодихоҳӣ, ҳифзи марзу бум ва эҳтиром гузоштан бар он равшан тасвир ёфта, дирафши аз пешдомани худ сохтаи Коваи оҳангар бар зидди бедодгариҳои Заҳҳоки хунхор чун рамзи тантанаи адолат бар зулму ситам хеле машҳур гардида, то замони мо чун Дирафши ковиёнӣ маъруфияти худро ҳифз намуда омадааст.

Бояд гуфт, ки рамзи Дирафши Ковиёнӣ дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Ливои Президенти Ҷумҳурии То- ҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28-уми июли соли 2006 № 192 мавриди истифода қарор дорад.

Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии аҷдодонамон, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои гузаштаю имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат, ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд. Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию осоиштагии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки 24-уми ноябри соли 2009 дар Душанбе  бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон  бо шукӯҳу шаҳомати хосса гузаронида мешавад.

Боиси ифтихори мо тоҷикону тоҷикистониён аст, ки дар пойтахти кишварамон-Душанбешаҳр рӯзи 30-юми августи соли 2011 парчами Тоҷикистон дар пояи махсус бо баландии 165 метр қомат афрохт, ки дар ҷаҳон яке аз баландтарин парчами давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Бигузор парчами кишвари азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу суботи кишвар асрҳои аср парафшон бошад!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top