Чорабинии тантанавӣ дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президент

Бинанда: 490 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2022

16-уми ноябри соли равон дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати  30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президент чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия Неъматулло Дилоев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Манучеҳр Сангов, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни маскуни хобгоҳ иштирок намуданд.

Чорабиниро Неъматулло Дилоев бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, доир ба аҳамияти бузурги ин ҷашнҳои бузурги давлатӣ дар рушди инкишофи давлатдории миллӣ андешаронӣ кард.

Сипас, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Бойалӣ Ҳусейнов, Манучеҳр Сангов ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Хубони Сорбон низ перомуни рӯзи Президент ва 30-солагии ин иҷлосияи таърихӣ суханронӣ  карданд.

Нотиқон аз ҷумла зикр намуданд, ки ин иҷлосияи тақдирсоз оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top