Табрикоти раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президент ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 576 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2022

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Моҳи ноябр барои мардуми шарифи Тоҷикистон моҳи ифтихорист. Зеро дар ин моҳ тоҷикону тоҷикистониён ҷашнҳои Рӯзи Конститутсия, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами ҷумҳуриро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.

Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо аз номи раёсати донишгоњ бо ҷашнҳои дар пеш истода муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, рӯзгори хушу босаодат ва дар фаъолияти омӯзгорию донишҷӯиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Бояд гуфт, ки ҳар як ҷашн ҳикмату арзиши худро дорад. Дар ин радиф ҷашнҳои Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, ки баъди чанд рўз 30-солагии он бошукӯҳ таҷлил мегардад ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҷашнҳои муҳимтарин ва пураҳамияти ҳувиятсоз маънидод мегардад, зеро ин ҷашнҳо, дар баробари барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ, таҳкими худшиносӣ, эҳсоси самимият ба Президент ва муҳаббату садоқат ба Ватанро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз баргузории он 30 сол сипарӣ гардид, бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар даврони басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳарчӣ зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани мамлакат аз вартаи буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор шуда буд. Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Арзишмандтарин мукофоти ҳар амале сазовор гаштан ба эҳтирому эътирофи мардум мебошад. Барҳақ, Президенти маҳбуби кишварамон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин боварӣ сазовор гардидаанд ва мо тоҷикону тоҷикистониён шукрона аз ҳастиву амалу рафтори ватандӯстона ва аз сиёсати оқилонаю дурандешонаи Сарвари давлатамон мекунем.

Бо дарназардошти хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми майи соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид карда шуд ва тибқи он ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори давлати навини тоҷикон маҳсуб меёбад, аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб шуданашон ватандӯсти ҳақиқӣ, ғамхори халқу миллат ва ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани хешро собит намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ, ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, таҷлили дигар чорабиниҳои дохиливу хориҷӣ вобаста ба баргузории ҷашнвораҳо дар иртибот бо бузургдошти олимон, сиёсатмадорон ва барқарор намудани сулҳу оромӣ дар мамлакат саҳми беназир доранд.

Воқеан ҳам, Президенти мамлакат на танҳо тамоми қувваю ғайрат, балки ҳастии худро баҳри хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон равона намуданд, то кишварро аз вартаи нестшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот диҳанд.

Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд: “Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст. Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад”.

Дар ин бобат, хизмати мондагори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба туфайли ҷоннисориҳояшон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ халқ унвони баланди Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро сазовор донистааст, бояд ҳамаҷониба омӯхта, мавриди пайравии наслҳои имрӯзу оянда қарор гирад.

Лозим ба ёдоварист, ки муҳимтарин хидмати Пешвои миллат даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ, ҳифзи пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил, аз хатари парокандагӣ раҳонидани кишвар, ҷорӣ намудани низоми мукаммалу муосири давлатдории миллӣ ва ба ҳам овардани миллат мебошад, ки шоёни таҳсину ибрат аст.   

Корнамоиҳои беқиёси Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори кишварамонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва демократию дунявӣ бештар намуд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро маҳз ба шарофати ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ ва иқдомоти башардӯстонаи Роҳбари оқилу дурандеш ва ваҳдатофару сулҳдӯсташ ҳамчун кишвари нақшофар дар сиёсати байналмилалӣ, пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалӣ, дорои мавқеи устувор ва таъсиргузор дар рафъи мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ ва сайёра мешиносанд.

Дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар баробари таҳкими худшиносиву эҳсоси ватандорӣ ва рушди ҷомеа эҳтироми хосу ом ба ин мақоми олиро ҳамчун институти идоракунии умумипазируфташуда таҳким бахшад. Зеро эҳтироми Президент, эҳтироми миллат ва изҳори муҳаббат ба халқу Ватан аст.

Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи Президент аз эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдати ягонагии мардуми Тоҷикистон ва боварии нуфузу мақоми кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмуъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, иборат мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи пойдорию бардавомии давлатдории мустақими тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳовару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ, ободии Ватан ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудаанд.

Заҳматҳои бузурги ин шахси муътабар, далеру ҷасур ва қавиирода дар роҳи наҷоти давлату миллат беандозаанд. Имрӯз хурду бузурги мамлакат пешрафти таъриху тамаддуни худро бо номи ин фарзанди фарзонаи миллат, ки дар наҷоти ин кишвар нақши ҳалкунанда гузоштаанд, пайваст менамоянд.

Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири ҳамешагии Сарвари давлат барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил додани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки мо ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ифтихор мекунем.

Бори дигар Рӯзи Президент ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон муборакбод мегӯем. 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top