Таҷлили Рӯзи Президент ва 30 – солагии иҷлосияи таърихӣ

Бинанда: 683 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2022

15 – уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президент ва 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, доир ба аҳаммияту рисолати бузурги ин ҷашнҳои фархунда ва хидматҳои беназиру мондагори  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва рушду инкишофи давлатдории миллӣ суханронӣ кард.

Сипас собиқадорони меҳнат Умринисо Казакова, Додарбек Хуморов ва Нарзулло Сангинов, ки солҳои зиёд дар донишгоҳ фаъолияти босамари илмию омӯзгорӣ кардаанд, доир ба ин иҷлосияи таърихӣ ва нақшу саҳми бесобиқаи Сарвари давлат дар солҳои истиқлолияти давлатии мамлакат ибрози андеша карданд.

Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Иброҳимзода низ дар мавзӯи “Аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ” суханронӣ намуд.

Инчунин, Хайрулло Назарзода аз номи раёсати донишгоҳ ба сардори раёсати илм ва инноватсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Некрӯз Қудратов ва муаллими калони кафедраи математика ва фанҳои табиатшиносӣ, номзади илмҳои таърих Ҳабибулло Мақсадов, ки бомуваффақият рисолаҳои илмии докторӣ ва номзадӣ ҳимоя карда буданд, мукофоти пулӣ ва донишҷӯёни варзишгар, ки дар Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!” аз рӯи шаш намуди варзиш – футболи хурд, баскетбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ, тенниси рӯимизӣ ва варзиши сабук ширкат варзида буданд, диплом ва мукофоти пулӣ супорид.

Ба мураббиён, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Лоҷувард Иззатов ва муаллими калони ҳамин кафедра Рустам Минмаматов низ мукофоти пуллӣ тақдим гардид.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар ин мусобиқаи варзишӣ аз рӯи футболи хурд сазовори ҷои якум ва ҷом гардиданд.

Дар хотимаи ҷамъомад барномаи фарҳангию фароғатӣ, ки аз ҷониби донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва тиҷорат омода карда шуда буд, ба маҳфил зебоиву таровати тоза зам намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top