ИҶЛОСИЯЕ, КИ БОВАРИИ МАРДУМРО БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН ЗИЁДТАР НАМУД

Бинанда: 434 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2022

Сӣ сол муқаддам дар сарзамини тоҷикон, ки Истиқлолият нав насибаш гашта буд, фалокати азим ба миён омад. Ҷанги хонумонсӯз, ҷанги бародаркуш ба сари мардум бадбахтӣ овард, як қисмашонро хонавайрон, сарсону саргардон, беманзилу макон, дур аз Ватан кард.

Дар чунин вазъияти муташанниҷ 16 – уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо иштироки 197 вакили халқ ба кори худ шуруъ кард. Ин иҷлосияро тақдирсоз меноманд, чун ин иқдом фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.

Ин иҷлосия тадбирҳои зерини муҳиму сарнавиштсозро анҷом дод:

- роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд;

- сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт;

- хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд;

- тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт;

- самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд;

- мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод.

Дар суханронии аввалини худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: «...Ман кори худро аз сулҳ cap хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...». Ин садоқату самимият, ки аз суханҳои ӯ бармеомад, дар дили мардум умед ва боварӣ ба фардоро бедор намуд.

Аз рӯзи аввалини интихоб ба мақоми олии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: хомӯш намудани ҷанги бародаркуш, эҷод кардани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳо, азнавсозии низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти мавқеи муносиб дар арсаи байналхалқиро мароми асосии ҳукумати нав эълон намуд.

Мардуми шарифу сарбаланди кишвари тоҷик тавонистанд дар атрофи ғояҳои сулҳовари Сарвари давлат муттаҳид шуда, соҳиби Ватани ободу озод гарданд. Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки дар Ватани ободу пешрафта, дар фазои сулҳу суботи давлати соҳибихтиёру демократӣ кору зиндагӣ мекунем ва бояд ободию суботи сиёсии онро ҳифз намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: “Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, монеаҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем”.

Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахшро халқи тоҷик бо ризоияти том истиқбол намуд. Забон ва пули миллӣ низ мисли рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ шинохта мешаванд. Ифтихор аз муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми он вазифаи ҳар сокини Тоҷикистони азиз аст.

Ҳар яки мо бояд нисбат ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром зоҳир намоем, ҳамеша дар ҳама ҷо онро пос дорем, барои ҳимояи он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ - пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, падару модар, хонавода, рӯҳи гузаштагон ва таъриху суннатҳои халқу миллати кишвари худ аст.

Сарвиноз Урунова,

н.и.и., мудири шуъбаи мониторинг

ва идораи сифати таълим

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top