Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 703 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2022

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ ФАЗОИ МУСОИДИ СОҲИБКОРИЮ САРМОЯГУЗОРӢ

Рушди бахши хусусӣ, махсусан таъмини фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин самт нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро басо назаррас арзёбӣ намудан мумкин аст.

Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти ватанӣ муҳим мебошад, зеро соҳибкорӣ ба навовариҳои илму техника, тағйироти талабот ва вазъи бозори ҷаҳониву минтақавӣ ба зудӣ мутобиқ шуда, дар ин замина, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро таъмин менамояд.

Бешубҳа, соҳибкорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар бо роҳи таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи воқеии некӯаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва бинобар ин Ҳукумати мамлакат пайваста ислоҳоти муҳимро дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла соддагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, такмили низоми андозбандӣ, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ислоҳоти соҳаи соҳибкорӣ ва таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ бевосита бо ташаббус ва назорати доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад.

Пешвои миллат ҳанӯз 11 августи соли 2001 зимни мулоқоти нахустини худ бо соҳибкорони ҷумҳурӣ ба масъалаҳои муҳимтарини тараққиёти соҳаи соҳибкорӣ дахл намуда, зикр намуда буданд, ки нақшаи дурнамои фаъолияти ҳукумат тезонидани ислоҳоти иқтисодиёт мебошад. Ин ҷо месазад махсус қайд намоем, ки дар тӯли 20 соли охир роҳбари давлат беш аз 10 маротиба бо соҳибкорони ҷумҳурӣ мулоқоти бевосита баргузор намуданд ва дар яке аз чунин вохӯриҳо 14-уми октябрро ҳамчун “Рӯзи соҳибкор” эълон доштанд. Дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳо Пешвои миллат бо мушкилоти ҷойдоштаи соҳибкорон ошно гашта, тадбирҳои заруриро барои бартараф намудани проблемаҳо пешниҳод мекарданд.

Президенти ҷумҳурӣ дар суханронии худ дар мулоқот бо соҳибкорон 25 декабри соли 2007 оид ба мушкилоти соҳаи аввали ислоҳот ёдовар шуда, қайд карданд, ки “Мо ташаккули соҳибкории ватаниро аз марҳалаи аввали ислоҳот, ки ба давраи норасоии молу маҳсулоти ҳаётан муҳим, гиперинфлятсия ва сатҳи ниҳоят пасти зиндагӣ рост омад, оғоз намудем. Дар он давраи вазнин, ки барои инкишофи муносибатҳои бозорӣ заминаҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надоштанд, қонунҳои амалкунанда моликияти хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориро маҳдуд менамуданд ва муҳимтар аз ҳама, муносибати ҷамъият ба ин падида манфӣ буд, иқдомоти душвореро қабул ва амалӣ намудем”.

Воқеан дар ҷумҳурӣ дар 10 соли аввали соҳибистиқлолии худ вобаста ба рӯйдодҳои маълум дар ҳама самтҳои фаъолият мушкилот ҷой дошт ва танҳо тавассути сиёсати оқилонаи иқтисодии роҳбарияти кишвар таҳти сарварии Президенти ҷумҳурӣ аз оғози солҳои 2000-ум иқтисоди мамлакат рӯ ба рушди устувор овард.

Маҳз татбиқи ҳадафҳои сиёсати иқтисодии кишвар ва амалӣ гардонидани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 33,0 миллиард сомонӣ дар соли 2022 афзоиш дода шавад.

Тоҷикистон тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ дар даҳ соли охир чор маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дар самти пешбурди соҳибкориву сармоягузорӣ дохил гардид. Дар заминаи ислоҳоту тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 70 фоиз, таъмин намудани аҳолӣ бо шуғл ба 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат ба 80 фоиз баробар шудааст.

Метавон якчанд самтҳои асосии ислоҳоти бахши соҳибкории мамлакатро зикр намуд, ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат амалӣ гардида, барои таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ мусоидат карданд.

  1. Таъмини асосҳои меъёрию ҳуқуқии пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар моддаи 12-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри асосӣ ва муҳимми иқтисодиёт пешбинӣ шудааст, ки он эътирофи шаклҳои гуногуни моликият мебошад. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст.

Маҳз дар Конститутсияи мамлакат дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба ислоҳоти иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуд. Дар асоси ин меъёр нахустин ҳуҷҷати стратегии кишвар - «Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995-2000» таҳия ва қабул гардид.

Иқдоми муҳимме, ки дар амалӣ гардонидани ислоҳоти иқтисодӣ саҳми муносиб гузошт, таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад. Ин санад барои рушду тараққиёти шаклҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳои мусоид фароҳам овард.

Солҳои минбаъда ҷиҳати таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ як қатор қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат мебошанд: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва ғайра.

Илова бар ин, ҷиҳати таъмини рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ стратегияву барномаҳои давлатӣ, аз қабили «Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020» ва «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» таҳия гардидаанд. Тавассути татбиқи ислоҳоти зарурӣ фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ густариш ёфт.

Илова бар ин, мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди тиҷорат мунтазам баланд гардида, соли 2020 дар зинаи 106-ум қарор гирифтааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2019 20 зина боло мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ фаъолиятро дар самти такмили санадҳои қонунгузорӣ ва муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти бахши хусусӣ идома дода истодааст.

  1. Ташаккули заминаҳои институтсионалии рушди соҳибкорӣ

Бо мақсади ҳалли мушкилоти субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, муколама ва робитаи доимӣ бо бахши хусусӣ ва таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро бевосита Президенти кишвар ба уҳда доранд. Ҷаласаи нахустини Шӯрои мазкур 31 июли соли 2008 баргузор гардид ва то имрӯз 22 ҷаласаи он ташкил ва гузаронида шуд (ҷаласаи 22-юми он 126 марти соли 2022 баргузор гардид).

Баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ тавассути муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории ҷаласаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар давоми фаъолияти он, бешубҳа, ба вусъат бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар саҳми назаррас гузошт.

Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 феврали соли 2013, № 34 Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2015, № 62 шакли ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” тағйир дода шуда, ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил дода шуд. Муассисаи мазкур аз аввали фаъолият то соли 2020 168 адад субъекти соҳибкориро дар ҳаҷми 243,6 млн. сомонӣ дастгирӣ намуда, ба 158 субъекти соҳибкорӣ дар ҳаҷми 199,5 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуд, ки ин 50 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ рост меояд.

Саҳми муносиби ин муассисаи давлатиро дар таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ба инобат гирифта, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, № 390 Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" табдил дода шуд.

3.Соддагардонии раванди бақайдгирӣ ва иҷозатномадиҳӣ

Бо ташаббуси Пешвои миллат дар 20 соли охир бо мақсади тақвият бахшидани рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароитҳои боз ҳам беҳтар дар ин самт, корҳои назаррас дар самти ислоҳоти раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар низоми “Равзанаи ягона”-и мақомоти андоз соддаву ройгон ба роҳ монда шуд, ки ба боз ҳам осон ва камхарҷ шудани оғози фаъолияти соҳибкорӣ, афзоиши шумораи соҳибкорон ва дар маҷмӯъ фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Низомҳои “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ташкил карда шуд, ки ба раванди фаъолияти соҳибкорӣ сабукӣ овард.

Татбиқи босамари ислоҳот дар самти бақайдгирӣ ва содда гардонидани расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои сол ба сол зиёд шудани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ замина гузошт. Бо ҷорӣ гардидани низоми “Равзанаи ягона” муҳлати бақайдгирӣ барои шахсони ҳуқуқӣ аз 49 рӯз то 5 рӯз ва то 3 рӯз барои соҳибкорони инфиродӣ, шумораи сохторҳои бақайдгиранда аз 4 то 1 ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ аз 10 то 6 номгӯй кам гардида, расмиёти мувофиқакунонии бақайдгирӣ бо мақомоти давлатӣ аз байн бурда шуд.

Ҷорӣ намудани тартиби электронии бақайдгирӣ ба коҳиш ёфтани хароҷот, аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва баъзе амалҳои номатлуб ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Дар доираи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ шумораи иҷозатҳо аз 605 то 74 номгӯй кам гардида, дар ин замина дар кишвар Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ карда шуд.

Ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва кам кардани шумораи иҷозатҳо ба рушди соҳибкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшида, дар кишвар Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ карда шуд. Ҳамчунин, бо мақсади осон намудани рафтуомади сармоягузорон дар Тоҷикистон раводиди махсуси навъи “сармоягузор” амалӣ гардонида шуд.

4.Пешниҳоди кафолат ва имтиёзҳо ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорон

Қайд кардан ба маврид аст, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон кафолатҳо ва имтиёзҳои зиёдро муқаррар намудааст. Бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ қонунгузории андоз ҷиҳати идомаи тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкорӣ бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ пайваста такмил меёбад. Дар қонунгузории андоз сабукиҳо ва имтиёзҳои андозӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва категорияҳои васеи субъектҳои соҳибкорӣ пешбинӣ шудаанд ва ҳавасмандгардониҳо ва имтиёзҳои андозӣ ҷузъи муҳими системаи андози Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Имтиёзҳо, пеш аз ҳама, на ба субъектҳои алоҳида, балки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ ва фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо пешбинӣ шудааст.

Инчунин бо дарназардошти талаботи Кодекси андоз ва ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ва тибқи таҷрибаи дигар давлатҳо ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон аз тарафи мақомоти андоз «Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон» дар таҳрири нав ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар натиҷаи такмили низоми маъмурикунонии андоз субъектҳои соҳибкорӣ метавонанд эъломияҳои худро ба тарзи электронӣ пешниҳод намоянд, ки ин боиси сарфаи вақт ва хароҷоти онҳо мегардад.

Соддагардонии расмиёти гумрукӣ ҳангоми содирот, воридот ва транзити молу воситаҳои нақлиёт низ қисми муҳимми ислоҳоти иқтисодӣ мебошад. Ҷиҳати соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва ҷалби сармоя ва бо мақсади ба принсип ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани расмиёти гумрукӣ Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд. Ҷорӣ намудани низоми “Истгоҳи ягона” ва “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ барои назорати воситаҳои нақлиёт ва молҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо истифодаи технологияҳои муосир, инчунин ташхиси низоми электронии пур кардани эъломияҳои гумрукӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рафъи омилҳои коррупсионӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунад.

Дар доираи амалӣ намудани ислоҳот аз ҷониби Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда 4 маротиба солҳои 2009-2010, 2012-2014, 2019-2020 ва соли 2022 ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мораторий эълон гардид.

Бо мақсади бартараф намудани таъсири оқибатҳои бемории сироятии СOVID-19 ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ 05 июни соли 2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки тибқи он ба иншоотҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, корхонаҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла дар шакли таътили пардохтҳои андозӣ, пардохт накардани маблағи иҷораи моликияти давлатӣ, фоизи қарзҳои бонкӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва дигар сабукиҳо фароҳам оварда шуд.

Тадбирҳои дар боло зикршуда ва дигар чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварданд, ки дар кишвар фазои мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таъмин карда шавад. Албатта дар оянда низ чунин тадбирҳои муфид аз ҷониби давлат роҳандозӣ хоҳанд гашт ва тавре Пешвои миллат зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатӣ зикр намуданд “Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ислоҳотро дар самти таъмин намудани рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома бахшида, ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад”.

Шаропов Фарҳод Разоқович,

муовини ректор оид ба илм

ва робитаҳои байналмилалии

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top