МИЗИ МУДАВВАР

Бинанда: 422 | Санаи нашр: 10 Ноябр 2022

10-уми ноябри соли 2022 дар донишгоҳ вобаста ба нақшаи чорабиниҳои таълимии факултети  иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши  олимон дар омода намудани мутахассисони  баландтахассус “ баргузор  гардид.

Мизи мудавварро мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ  Комилҷон  Алимов     бо  сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, нақши олимони соҳаи иқтисодро дар омода намудани мутахассисони баландихтисос  муҳим арзёбӣ кард.

Сипас доктори илмҳои иқтисодӣ Маҳмадназар Ҷамшедов, номзади илмҳои иқтисодӣ  Низомуддин Валиев ва муаллими калон  Азизхон  Ахмедов фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба мавзӯи матраҳгардида баён карда,ба суолҳои ҳозирин посух гуфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top