Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 501 | Санаи нашр: 05 Ноябр 2022

Имрӯз (5.11.2022) дар донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбизода, судяи Суди Конститутсионии ҷумҳурӣ Фотеҳ Қувватзода, сардори шуъбаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳайлӣ Қодирӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҷамъомадро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда, ҳозиринро аз номи раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт.

Сипас Сураҷ Чоршанбизода аз номи роҳбарияти кумитаи зикршуда омӯзгорону донишҷӯёнро ба ифтихори 28 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфт ва фикру мулоҳизаҳояшро доир ба аҳаммияти бузурги ин санади олии ҳуқуқӣ баён кард.

Дар идомаи ҷамъомад Фотеҳ Қувватзода дар мавзӯи “Конститутсия – сарчашмаи давлати иҷтимоӣ” маърӯзаи пурмазмун намуд.

Инчунин, Сураҷ Чоршанбизода аз номи ҳамин кумита ба ДДТТ, раёсати корҳои тарбиявӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни фаъол барои ҳамкориҳои судманд дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, ба вуҷуд овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаи насли ояндасози кишвар дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ба ин васила дар замири онҳо ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ сипоснома тақдим намуд.

 Дар хотимаи ҷамъомад барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷир аҷам”-и донишгоҳ, ки аз суруду таронаҳо ва рақсҳои ҷолиб иборат буд, табъу рӯҳияи аҳли толорро болида гардонид.

Шуъбаи табу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top